ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО

Тавре ба мо маълум аст, ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдгари миллатанд.Ин беҳуда набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ зикр намудаанд.

       Аз ин бармеояд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаанд.Мутаасифона, имрӯз  бархе аз онҳо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок мегарданд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои гуногун шомил мешаванд.

      Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасанд, зеро баланд бардоштани дониши динӣ ва дунявии ҷавонон метавонад, омили паст шудани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад.

     Имрӯз дар ҷомеаи мо  барои омӯхтани касбу ҳунари  ҷавонон шароити мусоид муҳайё карда шудааст.

      Имом Фахриддини Розӣ мегӯяд: Оқибати ихтлоф бадбахтист. Шумо шоҳидед, ки дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин мардум бо нидои “Аллоҳу акбар” дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусулмони бегуноҳ ҷиҳод аст, магар шахси маргталаб шаҳид аст? Ҳаргиз не! Дини ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳму шафқат аст! Бинобар ин мо бояд ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазириро нигоҳ дорем ва ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем.

          Имрӯз бархе аз ҷавонони мо, ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ мебинанд.

         Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва барои устувории сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ саҳми худро гузоранд.

       Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдиди воқеаҳои дохиливу хориҷӣ бояд дар пояи волоияти қонун мусоидат намоем.

      Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиши ҳар гуна ҳизбу

Ҳаракатҳои тундрав моро зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёна, касбиву техникӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем. Дар дарсҳои худ дар бораи  он каме бошад, ҳам фаҳмонида диҳем ва ба қадри ин тинҷиву оромии ҷомеаи худ бирасем. Зеҳни ҷавононро ба он равона созем, ки ҷиҳод мазмуни васеъ дорад, яъне ҷиҳод ба хондан, ҷиҳод ба зиндагии шоиста, ҷиҳод ба рушди ақли солим, ҷиҳод ба хидмати падару модар дошта бошем.Дар ин замина Пешвои миллат дуруст мегӯянд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Нурматова М.Р

ассистенти кафедраи забони

давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ