ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: ВАҲДАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ПОЯНДА БОД

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон сулҳу ваҳдат пойдор гардид ва имрӯз мардум дар фазои сулҳу субот ва оромиву осудагӣ зиндагӣ мекунанд, ки ин на ба ҳар миллат даст медиҳад. Воқеаҳои солҳои 90-умро дида чунин тасаввур ҳам намекардем, ки рӯзе мо ба шароити арзандаи зиндагӣ сазовор мешавам ва ин ҳама хархашаву ҷидолҳо аз байн меравад.

Аммо шукронаи Яздон, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари хирадманду фазилатманди миллати тоҷик, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон обод шуд ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҷабҳаи созандагӣ бо маром идома дорад ва ин як бахти баланди миллати тоҷик аст.

Аммо ҳамаи ин ободиву шукуфоии кишварро баъзе аз хоинон ва кӯрдилону кӯрбинон нодида гирифта, аз хориҷ истода ба тарафи миллат санги маломат мезананд ва баъзан миллатро гумроҳ кардани мешаванд, ки хиёнат маҳсуб меёбад. Зеро дар ҷавоби ҳамаи ободиву талошҳои Роҳбари давлат мо бояд дар ободиву созандагии кишвар саҳм гузорем, на санги маломату туҳмат партоем ва обрӯву мартабаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намоем.

Марг бар чунин инсоне, ки бо супориши хоҷагони хориҷияш аз хориҷ истода,  бар Ватани худ хиёнат мекунад.