Конфронс таҳти номи “Пешвои миллат-наҷотбахши миллат” дар ДКМТ

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронси имрӯза, ки дар бинои Донишкада гузашт, муовини раиси шаҳри Бӯстон, раиси КИ ҲХДТ дар ҳамин шаҳр ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Нахуст ректори донишкада муҳтарам Фозилзода М.М ба кори конфронс ифтитоҳ бахшида, аз хизматҳо ва пайкори сиёсии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри миллати тоҷик зикр намуданд. Фозилзода М.М. фаъолиятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб арзёбӣ намуда, дар он аз комёбиву бурд ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар дар чанд соли мустақилият ёдовар шуданд.

Сипас муовини раиси шаҳри Бӯстон ва раиси КИ ҲХДТ дар ҳамин шаҳр суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш устодон ва сардорони шуъбаҳо доир ба мавзӯъҳои алоҳида дар бораи фаъолият ва нақши сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди мамлакат маърӯзаҳо қироат намуданд.