ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ДӮСТӢ БО ТАМОМИ МИЛЛАТҲОИ ҶАҲОН МАРОМИ МОСТ

Ҳамагон хуб медонем, ки кишвари азизамон Тоҷикистон бо тамоми давлатҳои ҷаҳон робитаи хуб дорад ва сиёсати хориҷии давлат ҳам аз рӯи принсипи сиёсати “дарҳои кушод” амал менамояд, ки назари неки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён мефаҳмонад.

Миллати тоҷик аз қадим бо тамоми миллатҳои ҷаҳон дӯст буд ва ҳамин равандро пайгирӣ мекард, ки имрӯз ҳам мо ин анъанаро идома медиҳем.

Маълум аст, ки кишвари Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу салоҳ ва оромиши сайёра мебошад ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии замин Пешвои муаззами миллат борҳо пешниҳодҳо намудаанд ва яке аз ин барномаҳо пешниҳоди “Даҳсолаи амал об барои рушди устувор” буд, ки аз тарафи СММ пазируфта шуд. Ин далел аз ғамхории Пешвои муаззами миллат бар аҳолии сайёраи замин мебошад. Зеро хуб медонем, ки оби тозаи нӯшиданӣ имрӯз дар аксарияти минтақаҳои ҷаҳон камчин аст.

Мо, устодони кафедра сиёсати хориҷии Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, ҷонибдори рушди ин соҳа ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ҳастем.