ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ СИЁСАТИ ЯКСОН ДОРАД

Тайи чанд соли истиқлолияти кишвар сиёсати хориҷии давлат низ рушд намуда, ба сатҳи олии худ расид. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки гувоҳ аз муваффақияти ин бахш мебошад.

Ҳамчунин мамлакати мо бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад, ки ин ҳам бар нафъи миллати тоҷик мебошад ва фақат дар даврони Истиқлолият ба даст омадааст.

Рӯз аз рӯз сиёсати хориҷии  кишвар бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардидаистодааст, ки хеле шоёни таҳсин аст.

Аммо ин хел зуд баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ душманон ва нотавонбинон нороҳат шуда, имрӯзҳо дар расонаҳо ҳар хел баҳогузорӣ мекунанд, ки як хиёнат ба Ватан аст.  Мо омӯзгорон ин рафтори душманон ва хоинони наҳзатиро, ки зери ТЭТ ҲНИ ҷамъ омадаанд, маҳкум намуда ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки фирефтаи суханони ин авбошон нагарданд.