ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ТОҶИБОЕВА М: ҲУЗУРИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ВА ТУНДРАВ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ХАТАРИ БУЗУРГ БАРОИ ҶАВОНОН

Қайд кардан ба маврид аст, ки аксарияти гурӯҳҳои ифротӣ ва иттиҳодияҳои тундрав аз интернет истифода намуда, самти кори худро баҳри гумроҳсозӣ бештар ба ҷавонон мебахшанд. Онҳо воситаҳои зиёдро истифода менамоянд, аз ҷумла воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағйирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ, мақоми иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ муайян карда мешавад. Ин вазъият ҷавононро бо мавқеи нобаробар бо дигар гурӯҳҳои бештар ташаккулёфтаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузорад. Бо ҳамин муҳити мусоиди низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири омилҳои идеологии беруна дар тафаккури сиёсии ҷавонон пайдо шуда, аксар вақт тобиши сиёсӣ мегирад.

Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоии муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки на танҳо бо синну сол, балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ин гурӯҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад.Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад ва ҷавононро зарур аст, ки аз рӯ ба рӯ шудан бо гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ кунанд, зеро онҳо барои гумроҳсозӣ, чуноне, ки гуфтем аз ҳама воситаҳо истифода менамоянд.