Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз тақвият бахшидани ҳифзи Истоқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар мебошад, ки ин амалҳои созандаги рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азизамон мебошад.
Мутаассифона, дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ба ин гурӯҳ на танҳо ҷавонон, балки одамони сину соли зиёддошта ва касбу кори хубдошта низ ҳамроҳ мегарданд, ки сабабҳои зиёд дорад.
Таълимоти дини Ислом сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ, андешаҳои нек ва созадагиро талаб намуда, асосан барои беҳтар намудани ахлоқи ҷомеъ нигаронида шудааст, аммо бо ин ном баъзе ашхосон, ки пешравии Ватани азизи моро дида наметавонанд, сӯистифода менамоянд.
Ин гуна шахсон имрӯз бо ҳар гуна роҳу воситаҳо кӯшиш менамоянд, ки мафкураи мардуми моро, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи оромии кишварамонро ноором гардонанд. Шахсоне ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ дохил мешаванд, он шахсоне мебошанд, ки аз мақсаду мароми ин гурӯҳ озод нестанд.
Тарбия кори саҳл нест. Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки дар симои онҳо насли ояндасоз ва пойдори миллат дида мешавад, дар ҳолате, ки дар ин замон хатарҳои гуногуни овардашуда таҳдид менамоянд. Аз ин сабаб аз ҳамаи наврасон ва донишҷӯён даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин давру замон аз кӯмаки волидайн ва омӯзгорону ҷомеъ ба пуррагӣ истифода намоянд.
Асосан ба таълиму тарбияи фарзанд аз рӯзи аввали ба дуён омадани он шурӯъ менамоянд, ки нишондоди хеле муҳим дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дида мешавад. Аммо то ҳол ин масъалаи таҳдидкунандаи ҷомеъа ба ҳисоб рафта аз ҳамаи донишҷӯёну ҷавонон талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки зиракии худро аз даст надиҳанд ва вақти қиммати худро танҳо барои омӯзиш ва таҳсил сарф намоянд.
Шамсидинова М.Д.
сармуаллими кафедраи металлургия