Мусаллам аст, ки дар ибтидои асри XXI ҷаҳониёнро хаъфу хатари ҷиддие дучор шуд, ки номи он терроризми байналмилалӣ аст ва он дорои решаҳои чуқур буда, ба тамоми ҷабҳаҳои инсоният- фарҳанг, иқтисодиёт, илму маърифат ва пешрафти сиёсӣ зиён расон аст.
Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Маҳз ин зуҳуроти номатлуб -терроризм, имконият ва шароит барои ба миён овардани хатари маргро фароҳам меоварад. Истифодаи ин зуҳурот мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад, зеро истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Боиси қайд аст, ки аъзоёни ин зуҳурот бо воситаи террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ меоваранд.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон маънидод кард:
-сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ; моддӣ; идеологӣ;
-хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
-пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
-ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
-коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
-хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
-поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
-дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
-дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иқтисодӣ (яъне ниёз доштан ба маблағ)ва ғайраҳо.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии Ватани хеш, сулҳу ваҳдати миллӣ, гиромӣ доштани Муқаддасоти Тоҷикистон, ҷашну маросимҳо, танзиму оин ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Норбобоева Г.Б.
омӯзгори ДКМТ