БА ДАСТИ МАЗЛУМОН ОВОЗАИ СУРУР ҒАМ ТОБАД

Дар давоми чанд соли охир бо пайдо шудани як силсила ашхоси нохалаф ва хоин дар фазои маҷозӣ ва махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадгӯиву буҳтонзанӣ нисбати ҳукумат ва афроди алоҳида аз ҷониби ба ном “мухолифин” ва дар асл террористонӣ аршад зиёд гардид. Ин тоифаи беунвон ва беҳуввият намедонанд, ки чи тавр фармони “хоҷагон”-и хориҷияшонро иҷро намоянд ва дар аввалин фурсат коре, ки мекунанд ин истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, то як лаҳзаи ҳузурашонро ба бадном сохтан ва бад гуфтани Тоҷикистон сипарӣ намоянд. Фарзандони нохалаф ва бетарбияву аслфурӯхтаи наҳзатиёни террорист фақат дар фикри онанд, ки ҳадди ақал як дурӯғ ва як айб нисбати миллат ва давлати Тоҷикистон бароранду онро дар интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоянд.

Шахсан ба ин ҳама рафтор ва муносибати афроди беҳувияти наҳзатӣ бовар надорам ва метавонам, тариқи фактчекинг ё дурӯғсанҷӣ туҳмату бӯҳтони ин тоифаи ноаҳлу бадкешро ошкор созам. Чизе, ки ин шабу рӯз наҳзатиёни палидбофтаву аз номи халқ мегӯянд ин оид ба пеш аз муҳлат иҷро шудани шумори ҷавонони ба артиш равона гардида мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар робита бо ҳодисаи чанд моҳи охир ва равобити қирғизҳову тоҷикони Исфара хулосаи мардум нисбат ба ҳамсояҳо дигар гардид ва онҳо дар ҳалли масоили марзӣ мехоҳанд иштироки фаъол дошта бошанд ва ин хоҳиши чандрӯза нест, балки як зарурати маҳаллист, ки дербоз дар ниҳоди ҷавонон вуҷуд дошт. Ин ҷо чанд омилҳоро метавонам ёдрас шавам, ки сабаби яку якбора зиёд гардидани хоҳишмандони ба сафи қувваҳҳои мусаллаҳ пайвастани ҷавононро зиёд кард.

Якум, бояд ин ҷо қайд кунам, танишҳо ва бархӯрдҳои ҳамсоягон, мардуми Исфараро водор сохт,тоҳарчи зиёдтар ба ҳимояи зодгоҳи азизи худ бархезанд.

Дуюм,ҷавонони Исфара ва махсусан Ворух ва Чоркӯҳ дарк намуданд, ки хизмати ҳарбӣ зарур аст ва бояд онҳо таҷрибаи низомӣ дошта бошанд.

Сеюм, барои мард қарзи мардист, ки ба хизмати ҳарбӣ равад ва сокинони Исфара инро хуб медонанд.

Чаҳорум, ҷавонони Исфара дар робита бо ҷангҷолҳои назди сарҳадӣ хулосаи худро бароварданд ва мехоҳанд, ки барои тамоми кишвар намуна бошанд.

Панҷум, ҷавонони Исфара акнун ба таври ҷиддӣпарчами номуси ватандориву ватандӯстиро ба даст гирифтанд.

Ва боз чанд омили дигаре, ки ҷавонони Исфароро водор сохт, то ҳарчи зудтар ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гарданд. Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми он қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳамагон бояд ба ин масъала ба таври ҷиддӣ рафтор намоянд.

Он ки имрӯз якумин шуда, ҷавонони Исфара нақшаи даъватро буд карданд, наҳзатиёни ифротӣ ва дигар хоинони миллатро хуш наомад. Зеро онҳо дигар наметавонанд бо баҳонаи дин ва фармудаҳои ислом ҷавононро гумроҳ созанд ва ба сафи худ ҳамроҳ намоянд. Ин ҷо боз шикасти наҳзатиён ифшо гардид, зеро назҳатиёни палид мехостанд, ки бештару зудтар аз ҷангҷолҳои марзӣ истифода намуда, ҷавонони Исфараро гумроҳ созанд. Аммо ин бор ҷавонони Исфара ҳодисаро бо чашми худ диданд ва масъаларо фаҳмиданд, ки бояд бар зидди душман бихезанд ва марзу буми Ватани азизро ҳимоят кунанд. Онҳо роҳи дурустро интихоб намуданд ва аз албатта хашми наҳзатиёни палид омад, зеро дигар дурӯғҳо ва фатвобофиву иғвоангезии ТЭТ ҲНИ бакор намеравад, ҳақиқати ТЭТ ҲНИ ба таври комил ошкор гардид.

Аз ин лиҳоз, аз ин хашми наҳзатиён омада, онҳо барои аз роҳ задан ва гумроҳ сохтани ҷавонон ва мардуми кишвар туҳмату дурӯғангезиро пеш гирифтаанд. Наҳзатиёни беаслу бетарбия ин шабу рӯз худро зору залил ҳис намуда, ҳар гуна дурӯғу суханони ноҷоро паҳн намуда истодаанд, то ин мағлубияташонро рӯйпӯш намоянд. Зеро аксарияти ин тоифаи беаслу насаб ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки ҷавонро аз роҳ зананд ва ба тарафи худ моил созанд, чунки онҳо бо фармони хоҷагони хориҷияшон вазифадор ҳастанд, ки ҷавононро ба сафи ҳаракатҳои террористӣ бо ҳар роҳе, ки набошад фиристанд. Аз ин лиҳоз наҳзатиёни касиф бо истифода аз дурӯғу маълумотҳои нодуруст мағзшӯӣ намуда, ҷавонони гумроҳро бо баҳонаҳои “ҳимоя аз ислом” ва “бақарор намудани ҳаққи муъминон”, “ кӯмак ба бародарони муслим” ва дигар лозунгҳои таъсиррасон онҳоро ба ҳаркатҳои террористӣ шомил месозанд ва бо ҳамин пулҳои ҳангуфт ба даст оварда, дигар ёди он ҷавонони гумроҳ намекунанд. Мисле, ки чандин нафаронро роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бо баҳонаи бо кор таъмин намудан,ба сафи қувваҳои ДИИШ ҳамроҳ намуду сарсону саргардон кард.

Ҳоло, ки наҳзатиён дар шароити бисёр ҳам вазнин ва ногувор қарор доранд, мехоҳанд, ки дубора аз мардуми Исфара ва махсусан ҷавонон истифода кунанд ва баҳонаи асливу умеди наҳзатиёни ифротӣ ҳам ин аст, ки онҳо ҳизби исломӣ ҳастанд.

Аммо дар асл бошад ин ҳизби ифротӣ ягон робитае бо ислом надошта, фақат номи исломро истифода менамояду халос. Ин далелро ҳатто собиқ аъзоёни ин ҳизби террористӣ ба пуррагӣ тасдиқ менамоянд ва робиати ҳизбро бо ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ тасдиқ мекунанд. Барои шахси оқилу равшанфикр боз чӣ лозим аст, ки ТЭТ ҲНИ-ро нашиносад. Фаъолияти имрӯзаи аъзоёни ин ташкилоти террористӣ пурра собит менамояд, ки наҳзатиён фақат бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон фаъолият мебаранду халос.

Имрӯз, ки бо нашри чанд маводи дурӯғу бофта оид ба Исфара мехоҳанд номи мақомотро бад кунанд, вале намедонанд, ки дигар шароит солҳои 90-ум нест, ки онҳо бо микрофонҳо аз масҷидҳо вазъ мегӯянду ҳама зуд бовар мекунанду гумроҳ гардид. Ҳоло наҳзатиёни аблаҳ бояд донанд, ки дигар бо дурӯғ сари мардумро гаранг карда намешавад, дигар маводи бардурӯғ кор намедиҳад ва он чизе, ки шумо пешниҳод мекунед бо як санҷиш метавонад боиси хандахареши худатон шавад.

Ҳоло талаб менамоем, ки наҳзатиён бояд аз мардуми шарифи Исфара барои чунин туҳмати беасос ва маводи нашрнамудаи бардурӯғ маъзарат бипурсанд. Зеро ин амали наҳзатиёни ифротӣ ба обрӯву эътибори сокинони кишвар латма ворид мекунад.

                                               

                                                                                                    Парвизи Машҳур

                                                                             таҳлилгари масоили сиёсӣ