Гарчанде ки дар кишварҳои хориҷӣ расм шудааст, ки хиёнаткорро ба унвони “қаҳрамон” муаррифӣ кунанду аз ҷавобгарӣ озод намоянд, вале дар кишвари мо ин хел нест ва мо ҳаргиз хиёнаткорро қаҳрамон намегӯем. Зеро аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз дар Аврупо қаҳрамон муаррифӣ мешаванд, ҳаргиз аз ёди мардуми тоҷик фаромӯш намешавад. Ҷинояту амалҳои террористии онҳоро мардум ҳаргиз фаромӯш намекунад. Хиёнаткор бояд ҷазо бинад ва ба дигарон бояд панд шавад.
Аммо чи кунем, ки имрӯз созмонҳои мисли САҲА ва дигар давлатҳои абарқудрати аврупоӣ як тӯда авбошону террористонро “қаҳрамон” ҳисобида онҳоро паноҳ додаанд. Лек ин як хиёнати бузург дар сиёсатҳои байналмилалӣ мебошад. Шояд хориҷиён чанд соли охир ТЭТ ҲНИ-ро сарпасртӣ намуда бошанд, барои анҷом додани амалҳои террористӣ? Шояд ҳам бошад, аммо чанд соли охир не, балки чандин сол аст, ки наҳзатиёни палид аз ҳисоби пули хориҷиён зиндагӣ намуда ба миллати тоҷик хиёнат мекунанд.
Мо ин амалҳои номатлуби хориҷиён ва махсусан онҳое, ки аз террористон дастгирӣ мекунанд, маҳкум менамоем ва суботи Ватани азиз ҳастем. Хиёнаткор бояд ҷазо бинад!