Шахсан барои ман андешаву афкори афроди ифротӣ писанд нест, зеро андешаҳои ин гурӯҳҳои навпайдо ё худ мухолифони аз кадом ҷӯйбор пайдошуда, комилан ғалат буда, хилофи принсипҳои демократӣ мебошад.
Ҳарчанд онҳо бо баҳонаҳои гуногун мехоҳанд ба афкори мардум таъсир расонанд ва дар ҷомеа носолимӣ бавуҷуд оваранд, аммо ин кор ҳаргиз нахоҳад шуд. Зеро тамоми сокинони кишвар медонанд, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо фаромони хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд ва мақсади асосияшон ҳам ин несту нобуд сохтани бинои сулҳу амонӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо талаб менамоем, ки пеши роҳи хоинон ва душманони миллат гирифта шавад, то сулҳу суботи Тоҷикистони азиз пойдор бимонад.