ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ҶАВОНОНИ ДКМТ: СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ТЭТ ҲНИ БА МАНФИАТИ ХУД ИСТИФОДА МЕКУНАНД!

Чанд соли охир намояндагони якчанд созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ба иғвоангезӣ пардохта, талош мекунанд мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи пасттар нигоҳ доранд ва барои ин дурӯғпардозӣ мекунанд. Албатта, ин ҳам замоне маълум гардид, ки САҲА пуштибони аслии ТЭТ ҲНИ шуд. Яъне то ба ин вақт ҳақиқати ҳол ва асрори ин созмонҳои байналмилалӣ маълум набуд. Ҳарчанд омилҳову далелҳо зиёданд дар бораи фаъолиятҳои зишту амалҳои палидонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва агар ин ҳамаро ҷамъ намуда,  китоб нависи чанд ҷилд мешавад. Вале ин ҳамаро нодида гирифтани ташкилотҳои байналмиллалӣ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи исон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ моро хеле нигарон намудааст. Аслан ташкилоте мисли САҲА якто ҳам нест ва ин гуна ташкилотҳо хеле зиёд сабт шудаанду бо номҳои мухталиф амал мекунанд ва мақсади онҳо яктост. Ин халал ворид намудан ба суботу оромии Тоҷикистон ва аз ин восита ҷойгир намудани андешаву афкори худ ба миллат мебошад.

Ин созмонҳо ҳаргиз намехоҳанд, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ сулҳу субот пойдор бимонад ва барои ҳамин ҳам аз ТЭТ ҲНИ пуштибонӣ менамоянд.

Мо ин амали созмонҳои байналмилалиро маҳкум намуда, зидди аҳдофи башардӯстонаву ифротӣ ҳастем.