Надоштани фарҳанги сиёсӣ ва надонистани адаби сиёсат аксарияти мухолифинро ва аз ҷумла он ҷинояткороне, ки худро мухолиф меҳисобанд ба гумроҳӣ бурдааст. Танҳо бовар ба андешаи пуч ва дурӯғи иғвоангез намешавад, худро дар роҳи сиёсат донист.
Дуруст аст, ки аксарияти онҳое, ки дар сафи ҳайати ба ном мухолифин дар Аврупо қарор гирифтаанд, таҷрибаи ҷинояткории зиёд доранд ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ низ зиёд доштаанд. Аммо ин наметавонад далел ба роҳи сиёсат рафтани онҳо бошад. Чизи дигар ин чанд хонуми фоҳиша аст, ки дар тамоми расонаҳои интернетӣ навори маҳрамонаву амалҳои зишташон чарх мехӯрад. Ин ҳам, ки аллакай худро мухолиф ва фаъоли ҷамъиятӣ медонад, оё тамасхуре ба ҷамъият нест?
Ҳаргиз бовар карда наметавонам, ки ҷамъият то бад он ҳад заиф бошад, ки фаъоли ҷамъиятиаш як фоҳиша бошад?! Ин як масхарабозӣ ва шармандасозии миллат аз ҷониби авбошони ТЭТ ҲНИ мебошад. Шояд ин як барномаи махсус бошад, вале набояд миллат дар ин росто хомӯш нишинад.
Ин ҳам боз аз дарак медиҳад, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун як даъвогари олами сиёсат дигар қудрати бурдани бозии сиёсиро надорад ва фақат фармони хоҷагонашро интизор ҳасту халос. Ин албатта хатаре бузурге бар башарият аст, лек имкон ҳаст, ки ин масъала ҳалли худро ёбад. Кишварҳо бояд дар ҳамбастагӣ намояндагони ин ташкилотро аз имкониятҳояшон маҳдуд созанд, вагарна дар амалиётҳои террористӣ худ зарар мебинанд. Мурод аз мо гуфтан буду ҳаст.
Баҳодуров Шукруло
омӯзгори кафедраи фанҳои умумитехникӣ