ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ НАФТУ ГАЗИ ДКМТ: ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Мо аҳли устодону донишҷуёни кафедраи нафту гази донишкада аз он изҳори сипос менамоем, ки барои таҳсили донишҷуён ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Гувоҳи ин дар остонаи соли хониши нави 2019-20 мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави хобгоҳи донишҷуён ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Бешубҳа, ДОНИШКАДАИ куҳӣ-металлургии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст ва тадриҷан ба як мактаби олии пешқадами мамлакат табдил меёбад.

Аз ин хотир сулҳу Ваҳдатро қадрёбӣ намуда дар таҳкими Истиқлолият саҳмгузор бошем!