Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ
Мудири кафедра: Раҳимова Шаҳноза Каримовна
Таҳсил: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултаи ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ
Тел: 92 899 44 22
Email: rshahnoza83@mail.ru
Суроғаи корӣ: ш. Бӯстон, кўчаи Р.Баротов 6, бинои корҳои кӯҳӣ
Маълумот дар бораи сохтор, ҳайати кормандон ва пояи моддӣ-техникӣ ва таълимии кафедра
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ 16 сол аст, ки фаъолият бурда истодааст. Дар ихтиёри кафедра ҳуҷраҳои алоҳида барои мудир ва омӯзгорони кафедра мавҷуд аст. Аз ҷумла, ба ихтиёри кафедра 1 аудитория вобаста карда шудааст.
Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар соли таҳсили 2021-2022 21 нафар омўзгорон фаъолият бурданд, ки 9 нафари онҳо омузгорони штатӣ, 11 нафар омузгорони муштараквазифаҳои дохилӣ ва беруна мебошанд. Аз онҳо:1 нафар доктори илм, профессор; 4 нафар номзади илм, дотсент; 3 нафар номзади илм, муаллими калон; 7 нафар муаллими калон; 6 нафар ассистент мебошанд.
Кафедра аз ҷиҳати техникӣ бо ду адад компютер, як адад ноутбук, як адад принтер, аудиторияи 301 бо як адад проектор таҷҳизонида шудааст.
Фаъолияти таълимӣ-методии кафедра.
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
– ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМДО аз фанҳои феҳрист овардашуда;
– роҳбарӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ;
– ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
– мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;
– таҳияи дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусҳои нав;
– ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
– роҳбарӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (роҳбарон: Давлатов М., Абдуллоев И.Р.);
– ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
– баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ-методӣ ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
– омӯзишу баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
– барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи робитаи назария бо амалия;
– ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедра;
– ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
– ташкил, баррасӣ ва муҳокиимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра;
– муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва корҳои илмӣ-методӣ
Омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар риштаи илм, таълифи осори илмӣ ва илмиву методӣ, ташкили конфронсу семинарҳои илмӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ, пеш бурдани кори унвонҷӯён силсилаи чорабиниҳо андешидаанд.
Мавриди зикр аст, ки кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар фаъолияти кории худ қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, стратегия ва қарору нақшаҳои ҳукуматӣ, фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кор қарор дода, аз рӯи ин барномаҳо кору фаъолият мебарад.
Мувофиқи нақшаи кории кафедра то охири соли 2022 нашри китобҳои дарсӣ ба нақша гирифта шудааст. Моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Раҳимова Ш. монография дар мавзўъи “Ташаккул ва инкишофи саноати кўҳии Тоҷикистон” дар Шўрои олимони донишкада барои чоп тасдиқ шуд.