ВАҲДАТ САНАИ ФАРХУНДАИ ТАЪРИХ АСТ

Ин ҳарф, ки бинобар набудани озодии баён ва поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон зистан мушкил асту боз мушкилтар мешавад, махсусан, ҳангоми фарорасии ҷашни “Ваҳдати миллӣ” аз ҳар ҷониб садо хоҳад дод, чунки суханпардозони сиёсӣ бо риоя аз манофеи инфиродӣ ва татбиқи дастурҳои нонавишта барои боз ҳам идома додани заҳролудкунии зеҳнҳои холӣ муваззаф шудаанд. Намебинед, ки ҷои баррасӣ аз ҳама гуна руйдодҳои иҷтимоӣ сӯиистифода намуда, мехоҳанд зарба ба пайкари қудрати сиёсии кишвар ворид намоянд! Намебинед, ки ошкору ниҳон аз тамоилҳои манфӣ, ки дар гузашта ва имрӯз барои тоҷикон таҳмил ёфтаанд, пайгирӣ карда, онҳоро барои мағзшӯӣ бо пӯшишҳои нав эҳдо мекунанд ва бад – ин васила майдони фаъолияти оҷонсиҳои дар пояи иғво ва низошиносӣ бунёдёфтаро дар дохили Меҳани мо фаррохтар месозанд. Яъне, бархе аз ҳаммеҳанони мо дар ниқоби ҷонибдорони рушд ва тараққӣ аввалан, ваҳдати миллиро мункир шуда, дигаронро водор мекунанд сари ин мушкилӣ андеша кунанд, ки онҳоро дар Меҳани хеш бидуни сабаб зулм менамоянд, аз ҳамин хотир, онҳоро зарурат пеш омада, ки азми сафар намуда, дар кишварҳои рушдкардаи Аврупо барои иқомат ва фаъолият талош бинмоянд.Агар нек таҳқиқ кунед, ба хулосае меоед, ки инкори ваҳдати миллӣ чун руйдоди таърихӣ аз ҷониби бархе аз ҳаммеҳанони мо фақат аз хотири барҳам задани низоми сиёсиест, ки соли 1992 бо ибтикори ҳамин гуна афроди инқилобӣ тавлид ёфту дар тӯли беш аз 25 соли ахир ҳадафҳои сиёсии татбиқнаёфтаи мухолифинро роҳандозӣ намуд.

Мубаллиғини инкори инкор шакли “таблиғ – алайҳи таблиғ – таблиғ” – ро дар мавридҳои хоҳ – нохоҳ истифода намуда, дар солҳои ахир аз авомили дохилии кишвари мо бехабар мондаанд, ки ҷои реклом антирекломро беш аз пеш истифода мекунанд, яъне, зидди қудрат будан аз роҳи инкор намудани тамоми дастовардҳои он, минҷумла ваҳдат, истиқлолият, иншооти “Роғун” ва дигар бунёдҳои асосии қудрати кишвар, ки дар оянда ҳамаи шаҳрвандонро бо ҳам мутаҳҳид месозад. бояд бо ҳар васила дар чашми мардум дигаргуна матраҳ шуда ва касе, ки дигарандеш аст, ӯро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ чун фарди миллатдӯст бознигарӣ кард.

Ба дили пок бояд санаи фархунда 22-умин солгарди Ваҳдатро  истиқбол гирем.

Ш. Кенҷаев, омузгори ДКМТ