ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ВАҲДАТ

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи 22-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор доранд.  Дар ин марҳила бояд  ҷавонон аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд. Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дўст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаиҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кўшишу талош намоянд. Дар ин робита тарбияи ватандўстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.