МӮНИСИ МАРДУМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

Ватан, эй қиблаву меҳроби ишқам,

Бишав бедор аз бонги азонам.

 

Аз рўзҳои аввалини корӣ, аз суханрониҳои аввалин аён шуд, ки ин шахсият гарчанд ки ҷавон бошад ҳам мардуми тоҷикро ба ҳам овард. Ба дили мардум умеди боварӣ ба фардои нек ҷой гирифт.

Сарвари ҷавону қавииродаву ватанпарасту хештаншинос тавонист дар як муддати кўтоҳ дар мамлакат оромиву осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, якдиливу якзабониро биёварад. Чунон ки худ борҳо қайд мекунанд: “Бояд ҳамаи мо бо дасту дили пок Ватанамонро обод кунем, дўст дорем, бунёд намоем, хизмат кунем.”

Корнамоииин шахсияти таърихӣ, Қаҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ, алахусус барои мо ҷавонон намунаи ибрат буда, мавқеи як нафар ҷавон дар амният, сулҳу субот ва таҳкими давлатдории тоҷиконро нишон медиҳад. Воқеан, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои озоду мустақилу соҳибистиқлол аз тарафи 196 давлати ҷаҳон эътироф шудааст. Сулҳи пойдоре, ки дар Тоҷикистон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст аз тарафи СММ пешниҳод карда шудааст, ки ин сулҳи тоҷикон омўхта шуда ва аз таҷрибаи он истифода бурда шавад.

Камоли ифтихору сарбаландии ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони тадбири байналмилалии сиёсӣ Машварати боварии давлатҳои Осиё ва Аврупо гардида,  дар тамоми ҷаҳон дар қатори кишварҳои амнтарин эътироф шуд.

Аз ин рў, танҳо барои сулҳу субот. Корнамоиву қаҳрамониҳо ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар самти пойдории Истиқлолияти комил ва эҳёи Тоҷикистон барои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизи худ метавон Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат номид. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияту давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудоинопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошад.

Ш.Муҳамадюсупова, омузгори ДКМТ