Иқрор бояд шавем, ки воқеан ҳам қувваи пешбарандаи ҳар халқу миллат ҷавонон мебошанд. Қариб 70 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бевосита мавқеи онҳо дар амният, сулҳу субот ва таҳкими давлатдории тоҷикон назаррас арзёбӣ мегардад.
Гузашти айём тақвият медиҳад, ки мо тоҷикон аз ибтидо чандин ҷангу ҷидолу хунрезиро дар майдони ҳарбу зарб гузаронидем. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони мо соҳибистиқлол эълон карда шуд. Аммо баъди эълон шудани Истиқлолият дар дохили кишвар низоъҳои дохиливу сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ҷанг рўз аз рўз авҷ гирифта вазъият хело ҳам муташанниҷ шуда буд. Мардуми тоҷик гурезаи давлатҳои ҳамсояву берун аз он шуданд. Зиёда аз 1 млн. нафар аҳолӣ ҷумҳуриро тарк намуданд. Умеди боварӣ ба фардои миллат намонда буд. Аз гуфтаҳои таърихшинос Усмонҷон Ғаффоров бармеояд, ки мегўяд: “Он солҳои мудҳишу вазнинро аз хотир ҳеҷ намебарорам, зеро мардум чунон дар тарсу ҳарос ва азият кашида аз гуруснагиву ташнагӣ буданд, ки чашмам ба кўдаке афтод, ки синаи модарашро чунон мемакид, ки модар аз гуруснагиву азоб аллакай вафот карда буд, локин ба ҷои шири модараш ў хуни модарашро мемакид. Магар ин ҳодиса ивазнину таъсирбахш нест?”
Барои ҷавонони имруза мудҳиши он солҳо сабақ аст.
Танҳо дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва интихоб намудани раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмони ҷавон барои мардуми тоҷик бахту иқболу равшаниву нуру зиёро овард. Чунонки гуфта буд: “ Ман ба ҳамаи Шумоён сулҳ меоварам, ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонам, то он даме , ки як нафар тоҷики гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам, Ҳатто барои кишварам то ҷояш ояд, ҷонамро фидо менамоям.
Нахли умр ин дар ҳиммати ҷавонӣ аст. Бояд ба қадри ҳар лаҳзаи ин умр расида, пайи ободии мамлакат саҳмгузор бошем.
Х. Муслимзода, сардори шуъбаи ҷавонони ДКМТ