АЗ МУБАРРО ТО ҚАЛЛОШ ЯК ҚАДАМ

Пок, холӣ чунин маъно дорад мубарро. Ҳилагар, беору номус, айёш ба ҳамин мазмун аст қаллош. Ба чунин сифатчинӣ рӯ овадани мо аз ахлоқи коҳишёфта маншаъ мегирад. Нав аз деҳот ҷавонони омада ҳануз мубарро ҳастанд, аммо чун ба доми тудаи қаллош меафтанд, тадриҷан ба мафҳуми маҳалгароӣ гирифтор мешаванд.

Ин заминаи синфию иҷтимоии маҳалгароӣ моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоии халқҳо дар аксари шаҳҳои калон ба мушоҳида мерасад.

Тудаи тундгаро тавассути маҳалгароӣ дар байни миллату халқҳои гуногун тухми кинаву адоват, низою нобоварӣ ва душманӣ кошта, онро ҳамчун омили мустаҳкамгардонии ҳукмронии синфии худ ва истисмори васеи оммаи меҳнаткашон истифода мебаранд. Маҳалгароӣ манфиатҳои аққалияти синфу гурӯҳҳои иҷтимоиро ифода намуда, ба манфиати халқи меҳнаткаш ва прогресси ҳаёти ҷамъиятӣ мухолиф аст.

Маҳалгароӣ кишварро ба самти харобию порашавӣ ва муфлисию таназзул мебарад. Дар натиҷаи маҳалгароӣ халқияту миллатҳо ба табақаҳо ҷудо мешаванд ва нисбати якдигар нафрат пайдо мекунанд. Нафрату муҳаббат нерӯҳои ноаёни ҷомеъаро ба ҳаракат оваранда ба ҳисоб меравад, нафрат ба самти харобию муҳаббат ба фазои шукуфон мебарад.

Аз ин хотир, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар бояд тарбия кард.

Мутолиаи адабиёти бадеӣ дар вусъати ҷаҳонбинии ҷавнони имруза мусоидат карда метавонад.

В.Қобилов, омузгори ДКМТ