ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ: ТАҲКИМИ СУЛҲ МУҲИМ АСТ

Маҳз бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ боиси муборизаҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардиданд.  Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро лозим аст, ки бахри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеаи худ саъю талош варзем. ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ифротии кишвар аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Фаъолияти ТЭТ ҲНИ  ҳатто ба моҳияти дини  Ислом ихтилоф дорад. Ин ҳизб аз эътиқоду  ҳассосияти мардум суистифода карда, ҳамчун азҳоби диниву гурӯҳҳои тундрави мазҳабии кишварҳои арабӣ зери нуфузи хадамоти махсус ва доираҳои динии мутаассиби хориҷӣ қарор дорад.Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тули ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвакта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд. Мо бояд ватандори ҳақиқӣ будани худро собит карда тавонем.