ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ДКМТ: ОБОДКОРӢ ПЕШАИ МОСТ

Ба таърихи Истиқлолияти мамлакат назар андозем мебинем, ки “Дар мамлакат бунёдкорӣ баъди соли 1997  оғоз шуд: сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, нақбҳои Истиқлол, Хатлон, Шар-Шар, роҳи автомобилии Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд – Чанок, роҳи автомобилии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон, роҳи автомобилии Айнӣ – Панҷакент, сохтмони ГЭС -ҳои Сангтӯда – 1 ва 2, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурӯдгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркунии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, роҳи оҳани Душанбе Ваҳдат – Евон, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноатӣ дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу кӯпрукҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ танҳо тавассути амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии То ҷикис­тон ба даст оварда шуд. Ин ҳама на танҳо ба рушди иқти­содиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байнал­халқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Анъанаи ободкорӣ бояд имруз ҳам вусъат ёбад.