СУЛҲРО ШУКРГУЗОРӢ НАМОЕМ

Вазъияти шадиди Афғонистон, алалхусус қочоқи маводи му­хад­дир ва силоҳ, инчунин воқеаҳои дигари ногувори сар­ҳад­­ҳо, аз  ҷумла убури ошӯбгарони мусаллаҳ ба марзи Тоҷи­кистон водор карданд, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади дав­латии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

 

Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти ам­нияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташаккул ва так­мил ёфта, дар  ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдор наму­дани сохти давлат ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.

 

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар сохтори Вазорати кор­­ҳои дохилӣ низ як қатор корҳои такмилу азнавсозӣ ан ҷом дода шуданд, ки барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи  ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани  ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани  ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани ваз­ъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣнақши назаррас гузоштанд.

 

Бо дарназардошти хатари  ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маво­ди мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фар­мо­ни Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли соли 2000-ум дар назди Президенти  Ҷумҳурии То ҷикистон Агентии назорати маводи нашъадор таъсис дода шуд.

Аз ин лиҳоз, дар фазои сулҳу оромӣ зистанро қадрёбӣ намоем.

 

Ф. Мирсаидова, мутахасиси шуъбаи робитаҳои илмӣ