ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДКМТ: ЗАҲРПЕЧАКҲО ЗАРАР ДОРАД.

Шомилшавӣ ба тудаи тундгаро дар замири қалби ҷавонон боиси афсурдаҳолӣ ва изҳори пушаймонӣ мешавад.  Бегонапарастии онҳоро ҳодисоту воқеотҳои нангини барпонамудаистодаи ҳизбҳои ба ҷамъият бегона исбот намуда истодааст. Ин маҳалгароиву ҳамдигарнофаҳмиҳо сайёраи моро ба зери хатари ҷангу ҷидоли беисбот гузошта истода, решаи заҳрдори худро дар байни оммаи халқ давониданӣ мебошаду ба онҳо об кӯмак накарда истода, баръакс он обҳо роҳашонро дигар намуда истодаанд. Зеро мӯъҷизаи табиат – об низ медонад, ки ба ки манфиаташ расаду ба ки не.

Мамлакати офтобруяи  мо зери ливои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиаш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки некӯаҳолии халқашро ва албатта сулҳи пойдорашро на танҳо дар мамалакат балки дар тамоми дунё ҳамеша дастгир аст, ба душманони ҳаёти осоишта нафорида истодааст ва барои ҳамин он душманони миллат як қатор намудҳои тухмиҳои ноҳаққонаро нисбати ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакати мо пошида истодаанд.

    Боиси афсӯс аст, ки дар айни замон онҳо ба тухмипошакҳои тухмиҳои беҳосил мубаддал гардида натиҷа  тухмашон пуч баромада истодааст. Зеро тухмиҳои гумроҳгардонандаи онҳо низ дар ҷамъияти Тоҷикистони соҳибистиқлол коҳиш ёфта ҳосили онҳоро растании зараровари заҳрпечак печидааст. Об низ барои барои ҳосили онҳо нашъунамо ёфтанаш роҳашро дигар намудааст. Бигзор хушканд онҳо!

   Барои решакан намудани чунин заҳрпечакҳо мо ҷавонон масъул мебошем!