Аз он ки тадбирҳои сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат дар сатҳи олӣ баргузор гардид, наҳзатиёни гуреза ва ҷоҳилони кутаҳназар танҳо дуди ҳасрат мебароранд. Маҳз барои онҳо шоир МУРОДИИ ХАТЛОНӢ фармудааст:
Пеши ноаҳлон* чӣ ҳоҷат зумраду ёқутро,
Ҳайф созад мазраи шӯр донаи мақсудро.
Мурдадилро ғусл созӣ гарчӣ бо оби ҳаёт,
Боз ҳам нопок созад ҷисми ӯ тобутро.
Оқилон аз равзани дил субҳро ёбанду, лек
Кай бубинад ҷоҳили кӯтаҳназар ҷуз дудро.
Соликони даргаҳаш сармасти дидори Ҳақанд,
Ғофилон ҳаргиз набинанд ҷуз раҳи мардудро*.
Созу рози ишқро бар бедилу кӯрон магӯй!
Ҳарфи Иброҳим чӣ нафъе оварад Намрудро?
Аз ғами бешу ками олам чӣ ҷӯи ҳосиле?
Саъй кун, токи биёбӣ раҳмати Маъбудро.
Лутфи Ӯ беш асту аммо фурсати мо кам бувад,
Он ки таъҷил мекунад ёбад дари мақсудро.
Гар саодатмандӣ мехоҳӣ зи дори ду ҷаҳон,
Ҷуз зи роҳи Ӯ наёбӣ толеи масъудро*.
Шоҳидӣ ин нест, то Ҳақро шиносӣ бо забон,
Аҳли дил шав, то бидонӣ лаззати машҳудро*.
Эй Муродӣ, оташе дар маҷмари* дил кардаӣ,
Бар димоғи ошиқон орад шамими удро*.
–
Ноаҳл*- нолоиқ.
Мардуд*- рондашуда, шайтон.
Масъуд*- саодатманд, хушбахт.
Машҳуд*- дида шуда, ошкор.
Миҷмар*- зарфест, ки дар он хушбуиҳоро дуд мекунанд.
Уд*- дарахтест, ки вақти сӯзондан бӯи хуш медиҳад.
Мо ба оҳи ҳасрати мардудҳо эътибор намедиҳем!