ГАЗАНГУР Ё худ наҳзатиён боз чи мебофанд?

  Ба назар чунин мерасад, ки дастаи таблиғотии наҳзатиён шабу руз пайи кофтану бофтани овозаҳо ва дасисаҳои тахрибкорона мебошад. Хуб, дар “Паём нет ном” сомонаи худ таҳти унвони “Кашфиёти нави КДАМ: мусоҳиба барои хориҷиҳо” маводи иғвоангезро ба табъ расонида хонандаро ба шӯр меоранд.   

   Ҳодисаи исёни маҳбаси Ваҳдатро ба риштаи таҳлил кашида, дар атрофи он ҳангомаи сиёсӣ меҷуянд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин маврид кайҳо изҳорот пахш намуда, мавриди тафтиш қарор додани қазияро эълон намуд. Ба рафти тафтишот касе ҳуқуқи дахолат надорад. Аммо фарзияҳои мухталифи ТТЭ ҲНИ ба ҷуз халалдор кардани  рафти тафтишот чизи дигаре нест, ки ҳангома ҷустан аз балвои маҳбусон.

    Дар фазои сулҳу оромӣ баргузор шудани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Душанбе чунин як тадбири байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошт. Аммо мухолифини миллат ин пешрафти кишварро нодида мегиранд. Ин тоифаро байни мардум газангур яъне ангури худруй мегуянд, ки ҳосили ширин намедиҳад. Барои ҷомеаи солими демократӣ алафҳои бегона, ки ба ақидаю таблиғоти каҷ мардумро раҳгум мезанад, ҳаргиз раво нест.

 

Нозири Нурмат, омузгори ДКМТ