АНГУШТНАМОИИ ПМТ ДАР ОСТОНАИ МАШВАРАТ ЯК ҲАНГОМАИ СИЁСӢ АСТ.

Дар шабакаи иҷтимоӣ дар остонаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ, ки ҳамагӣ як рӯз мондааст, Паймони миллии Тоҷикистон бо номаи саргушода ба сарони кишварҳои узви ин созмон муроҷиат кардааст.

Нишаст, ки рӯзҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, дар кори он роҳбару намояндагони 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайра ширкат хоҳанд кард.

Паймони миллии Тоҷикистон аз ин фурсат истифода бурда, бо расонаӣ кардани номаи саргушодаи худ, ба сарони кишварҳои узви ин созмон муроҷиат карда навиштааст: «ПМТ, роҳи мубориза бо падидаи ифротгароӣ ва терроризмро фақат дар истифода аз зӯр ва бакоргирии нерӯи низомӣ намебинад, балки мӯътақид аст, ки муҳимтар аз он, талошу кӯшиш дар ҷиҳати аз байн бурдани бистарҳо ва заминаҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ аст.

Аз ҷумла дар нома омадааст: «Ба назари мо, муҳимтарин заминаҳо ва бистарҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ иборатанд аз: фароҳам набудани фурсатҳои корӣ барои ҷавонон, маҳдудсозии озодиҳо аз ҷумла озодиҳои динӣ ва эҷоди монеъаҳо дар анҷоми маросими мазҳабӣ аз тарафи шаҳрвандони диндор, вуҷуди фасодҳои идорӣ дар сохторҳои давлатӣ мебошад».

Шакли пурраи номаи ПМТ ба сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё:

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба муносибати баргузории панҷумин Саммити сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар санаи 14-15 июни соли ҷорӣ, хитоб ба сарони кишварҳои узви ин созмони байналмилалӣ изҳор медорад ва чанд нуктаҳои нозарурро такрор намудааст.

   Хуб, боз аз кадом маҳдудияти мазҳабӣ ҳарф мезанед? Вақте ки дируз мардуми кишвар расман дар  давлати дунявӣ ба хотири Иди саиди Фитр истироҳат намуда озодона намози идро ба ҷо оварданд. Дар қабристонҳо фотеҳахонии умумӣ доир гардид. Ҳар як шаҳрванди ба камол расида дар масҷиди маҳаллаи худ як моҳи шарифи Рамазон намози таровеҳро ба ҷо овард. Тибқи имконияти худ садақаи фитрро ба ашхоси муҳтоҷ супорид.

Аммо ҷавонон худ бояд барои дарёфти ҷои кори хуб талоши донишу касб кунанд. Хоса, донишҳои техникӣ, касбу корҳои рузмарра. Набояд аз кори ҷисмонӣ руй тофт. Инчунин соҳиби ихтисос шуда ба сифати муҳандис низ метавон фаъолият намуд.

Фарҳанги сиёсии ҷавонони имруза такмил меёбад ва эшон ҳаргиз даст ба ҷиноят намезананд ва фирефтаи тудаи тундгароён намешаванд.

 

С.Боев, мутахассиси шуъбаи сифати таҳсили ДКМТ