РУШДИ САНОАТИ НАФТУ ГАЗ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бешубҳа, дар марҳилаи рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як мамлакат саноат, алалхусус соҳаи нафту газ нақши муҳим мебозад зеро соҳаи нафту газ ин асоси рушди бомуваффақияти ҳар як кишвар ба шумор меравад. Дар шароити муосир нафту газ на танҳо манбаи энергия, балки манбаи сӯзишвории гуногун ва як қатор маҳсулоти нафтӣ, газӣ мебошад, ки бе мавҷудияти онҳо ҳаёти худро тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли васеи нафт ва истифодабарии маҳсулоти нафтӣ дар солҳои ҳокимияти Шуравӣ ба роҳ монда шуда буд. Аммо дар аввали солҳои навадуми асри гузашта ба сабаби набудани корхонаҳои коркарди нафт дар ҷумҳурӣ, канда шудани алоқаҳои иқтисодй, барҳамхӯрии маблағгузории корҳои чоҳкобӣ, таҳқиқотӣ ва иктишофӣ кашфи конҳои нави нафту газ қатъ гардида, соҳа ба таназзул рӯ овард ва истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ даҳҳо маротиба кам шуд.

Бояд гуфт, ки аз рӯзи ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ва кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри аз бунбасти энергетикӣ раҳо додани мамлакат, доир ба ҷустуҷӯ ва пайдо кардани захираи азими нафту газ корҳои ҷустуҷӯи-геологӣ сол ба сол ривоҷу равнақ ёфт. Сарвари давлат соҳаи нафту газро яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ном бурдаанд. Дар ҷумҳурӣ бо фароҳам омадани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаи нафту газ дар 15 соли охир бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, иқдоми Вазорати саноат ва технологияи нав ва кумаки сармоягузорони хориҷиву ватанӣ, маҷмӯи корҳои геологӣ – ҷустуҷӯӣ ва пармакунии чоҳҳо ба роҳ монда шудааст.

Воқеан, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати татбиқи стратегияи чаҳоруми рушди иқтисодии мамлакат таъкид шудааст, ки  “Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.” 

Бояд қайд кард, ки дар тӯли 27 соли истиқлолият истихроҷи нафту газ дар конҳои Сафедтеппа, Сурхсимо, Патинак, Хоҷа Сартез, Бештентоқ, Акбашадир, Кичикбел, Қуми ҷанубӣ, Қизил тумшуқ, Сулдузи, Шоҳамбарӣ, Конибодом, Конибодоми шимолӣ, Селроҳа, Равот, Айритон, Ниёзбек, Қарақчиқуми шимолӣ, Маҳрам, Маданият, Оби шифо, Қаротоғи шимолӣ, ба ҳадди имкон ба роҳ монда шуда ва то имрӯз мавриди истифода қарор доранд. Дар соли 1998 дар ҷумҳурӣ истихроҷи гази табиӣ дар кони Хоҷа Сартез ба роҳ монда шуд. То соли 1998 дар ҷумҳурӣ 24 кон мавриди истифода қарор дошт. Ҷамъан 103 600 метри тӯлонӣ корҳои пармакунӣ дар чоҳҳои иктишофӣ – ҷустуҷӯӣ ва баҳрабардоранда гузаронида шудааст. Инчунин дар чоҳҳои амалкунандаи фонди истифодашавандаи конҳои Сафедтеппа, Сурхсимо, Патинак, Қизилтумшуқ, Бештентоқ, Хоҷа сартез, Акбашадир, Кичикбел, Қуми ҷанубӣ, Комсомол, Сулдузы, Шоҳамбарӣ, Конибодом, Конибодоми шимолӣ, Селроҳа, Равот, Айритон, Ниёзбек, Қарақчиқуми шимолӣ, Маҳрам, Маданият, Оби шифо, Қаротоғи шимолӣ, барои зиёд намудани истихроҷи нафту газ корҳои барқароркунӣ ва таъмири асосиву ҷорй дар қабатҳои маҳсулнок марҳила ба марҳила якчанд маротиба гузаронида шудааст. Барои боз ҳам зиёд намудани истихроҷи нафту газ кашфи конҳо ва пармакунии чоҳҳои нав дар майдонҳои ояндадори маҳсулоти нафту газдор зарур мебошад. Дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои пармакунии чоҳҳои нав идома ёфта истодааст. Дар корхонаи ҶСК “Суғднафтугаз” дар майдони Маҳрам конҳои пармакунии чоҳи №17 идома дорад. Тибқи лоиҳа дар кони мазкур то чуқурии 4800 м корҳои пармакунӣ бояд гузаронида шуда истиҳроҷи нафт ба нақша гирифта шудааст. Дар чоҳи №17 майдони Махрами дар вақти хозира корҳои пармакунӣ то чуқурии 4350 м ба сомон расонида шудааст.

Кашфи конҳои нави нафтӣ ва газӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти молиявӣ қатъ нагаштааст. Майдонҳои ояндадори заҳираҳои нафтӣ ва газӣ дар мамлакат маълум мебошад вале барои гузаронидани корҳои пармакунӣ ва истиҳроҷи онҳо маблағи зиёд лозим аст.

Дар тӯли 20 сол дар ҷумҳурӣ якчанд корхонаҳои коркарди нафт аз тарафи сармоягузорони ватанӣ ба монанди ҶММ “Шоҳон”, ҶСП “Ҳасан ва К” ва ҶММ “Салоса”, ҶММ “Суғднафтугаз” бунёд ёфта ба кор шуруъ намудаанд. Сол ба сол миқдори коркарди нафт зиёд шуда истодааст.

Умед бар он аст, ки хамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, ки пас аз бунёди равзанаи ягонаи теъдодашон афзуда истодааст, бо кашфи конҳои нафту газ мусоидат намуда иқтидори энергетикии  ҷумҳуриро баланд мебардоранд. 

 

 

 

З. Орифов ,

Мудири шуъбаи иттилотии

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон