Намояндагони Усома бин Ладен миёнаҳои солҳои 1990 бо агентҳои иктишофии (разветкаи) Эрон бо кӯшиши таъсиси паймони террори зиддиамрикоӣ миёни Эрон ва шабакаи “Ал-Қоида”-и бин Ладен дар тамос шудаанд, аз рӯи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА.
Соли 1996 иттифоқчиёни наздики бин Ладен афсарони разветкаи Эронро дар Афғонистон ҷустуҷӯ менамоянд, то ки бифаҳманд оё онҳо неруҳояшонро барои зарба задан ба ҳадафҳои Амрико бо бин Ладен муттаҳид месозанд, гуфта мешавад дар ҳисоботи махфии иктишофӣ.
Мутобиқи ҳуҷҷати дастраснамудаи «The New York Times», пас аз ин робита сафари ҷонибдори дигари бин Ладен дар моҳи декабри соли 1995 ба Эрон сурат гирифт.
Агентҳои разветкаи Эрон ҷавоб медиҳанд, ки онҳо омодаанд шахсан бо ҷаноби бин Ладен дар Афғонистон вохуранд, вале аз иттилоот маълум нест, ки чунин як мулоқот сурат гирифт ва агар ҳа, он гоҳ ягон созише ба даст омад ё на.
Ҳисоботи хадамоти иктишофӣ, ки махфӣ боқӣ мемонад, баъзе аз далелҳои то андозае мушаххасро, ки кадом вақт бин Ладен бо кӯшишҳои пинҳонӣ бо кишвари бузурги Шарқи наздик, ҳамон вақте, ки ӯ маъракаи террористии худро бар зидди Иёлоти Муттаҳида оғоз намуд, шниҳод мекунад.
Аз лаҳзаи ҳамлаи 11 сентябр ба Маркази ҷаҳонии савдо ва Пентагон, суҳбатҳо дар Иёлоти Муттаҳида доир ба ин ки оё бен Ладен сарпарастии давлатӣ дошт, иттилои саҳеҳ дар бораи ротбитаи Ал-Қоида бо мақомоти Эрон мавҷуд буд. Вале, ҳисоботҳои махфии иктишофӣ нишон медиҳанд, ки бин Ладен ва ҷонибдорони ӯ кӯшиш менамуданд ба Эрон, ки таърихи тӯлонӣ дорад ва онҷо шиаҳои муслмон бартарӣ доранд ва аз рӯи қоида гурӯҳҳои ифротгарои шиа, ба мисли «Ҳизбулло» дар Ливан дастгирӣ мешуданд, на ифротгароёни ғайришиа, чун Ал-Қоида. Эрон баръало зидди толибон дар Афғонистон баромад намуд, барои он, ки дар ҳараки толибон мазҳаби суннӣ бартарӣ дорад.
Далели он, ки толибон ба бин Ладен барои паноҳандагӣ ба Афғонистон иҷозат доданд, танҳо миёни Теҳрон ва бин Ладен иттифоқ месозад, рондашудаи саудӣ эҳтимол аст. Вале, маълум шуд, ки то андозае баъзе разветчикҳои эронӣ пешбинӣ намуда буданд, ки метавонанд бо нерӯҳои бин Ладен дар муқобили душмани муштараки онҳо-Иёлоти Муттаҳида муттаҳид шаванд.
Намояндаи Иёлоти Муттаҳида аз шарҳи маълумоти мушаххаси марбут ба равобити миёни намояндагони бин Ладен ва равветкаи Эрон худдорӣ намуд. Вале мансабдор гуфт, ки имрӯз ягон далели будани иттифоқ миёни Ал-Қоида ва Эрон мавҷуд нест.
“Аз нуқтаи назари имконоте, ки ҷангиёни Ал-Қоида аз Эрон убур мекунанд ё онҷо мемонанд, ин ҳайратовар нест”, гуфт мансабдор. “Вале, идея дар бораи то андозае расман ва фаъолона ҳамкорӣ намудан миёни онҳо, ман пешниҳод мекардам, ки онҳо ҳампаймони хуб нестанд. Ягон далели саҳеҳ нест, ки аз мавҷудияти ягон пайвондар ин самт шаҳодат диҳад”
Дар маълумоти иктишофӣ гуфта шудааст, ки 31 июли соли 1996 Абдуллои Нурӣ, ки яке аз аъзои пешсафи гурӯҳи ҷангиёни исломгаро дар Тоҷикистон ва ҳампаймони наздики бин Ладен аст, бо агентҳои Вазорати иктишофӣ ва амнияти Эрон дар шаҳри Толиқони, наздикии сарҳади Тоҷикистон, робита барпо мекунад.
Ӯ дар бораи мулоқоти бин Ладен бо намояндаи Эрон мепурсад, омадааст дар гузориши разветкаи Амрико. Нурӣ қотеъона эрониҳоро барои робита боб ин Ладен, ки он вақт дар Ҷалолободи Афғонистон қарор дошт, даъват менамояд. Дар ҷавоб кормандони разветкаи Эрон ба таври возеҳ мефаҳмонанд, ки омодаанд бо ӯ вохӯранд, вале ӯ бояд барои мулоқот ба Толиқон биёяд.
Нурӣ ҷавоб медиҳад, ки бин Ладен ба Толиқон намеояд, зеро дар баъзе қисмати Афғонистон ба ӯ ҳамла таҳдид мекунад. Нурӣ қотеъона аз эрониҳо даъват менамояд, ки намоянджаашонро барои мулоқот боб ин Лоден ба Ҷалолобод фиристанд. Ҳисобот нишон намедиҳад, ки инро эрониҳо карданд ё на.
Бино ба маълумоти хадамоти иктишофӣ, кӯшиши Нурӣ барои муттаҳид сохтани «Ал-Қоида» ва агентҳои Эрон бори аввал набуд. Мутобиқи ҳисоботи разветкаи амрикоӣ моҳи декабри соли 1995 Мустафо Ҳамид, маъруф бо номи Абӯ Валид, мисрӣ, ки бо «Ал Қоида» алоқаманд аст, ба Эрон меравад.
Нури ва Ҳомид, маълум буд, ки ҳамдигарро мешиносанд, зеро Нурӣ Ҳомидро бо корманди разветкаи Эрон бо номи Раҳматӣ дар Толиқон шинос мекунад.
Мақомдорони расмии Амрико изҳор медоранд, ки зимни равобити «ал-Қоида» ва разветкаи эронӣ Эрон дар фаъолиятҳои террористии зидди ИМА фаъолона иштирок кард.
Моҳи июни соли 1996 ҷангиёни исломгаро дар маҷмаи «Хобар Тауэрс» дар Даҳрани Арабистони Саудӣ бомбаеро тарконданд, ки дар натиҷа 19 нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ ҳалок шуданд. Мақомдорони расмии ИМА изҳор доштанд, ки ҳадди ақал як чанд шахсони расмии Эрон пушти ин амал қарор доранд. Моҳи июни соли гузашта ҳакамони калони федеролӣ 13 саудӣ ва як ливаниро дар таркиш гунаҳкор кард ва дар ҳуҷҷати айбдоркунанда шахсони расмии Эрон низ шомиланд, ҳарчанд ягон нафари онҳо ошкор ва гунаҳкор карда нашуданд.
Ба дастовардҳои сиёсии ислоҳгароён дар Эрон бо сарварии президент Муҳаммад Ҳотамӣ нигоҳ накарда, чун қабл дастгоҳҳои хадамоти амниятии Эрон аз фаъолиятҳои террористӣ пуштибонӣ мекунанд ва Департаменти давлатӣ дар гузориши худ Эронро «кишвари фаъоли сарпарасти терроризм дар соли 2000» унвон кард.
Намояндагони Иёлоти Мутаҳида мегӯянд, ки Ҳотамӣ қариб ки хадамоти амният ва разветкаро, ки гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ мекунанд, назорат намекунад. Вале, солҳои охир нерӯҳои амнияти Эрон дастгирии худро ба ташкилотҳое, ки ҳамлаҳои худро ба Изроил, на ба Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла «Ҳизбулло» дар Ливан ва гурӯҳи фаластинии ҲАМОС равона мекунанд, нигаронида шудааст.
Маъмурияти Буш чун маъмурияти Клинтон кӯшиш менамуд, ки муносиботро бо Эрон хуб куна два дар бораи он чун мақсади эҳтимолии маъракаи глобалии президент Буш бар зидди терроризм нагуфт.
Дар он замон тавре кормандони разветка ва амният дар Теҳрон аллакай ба терроризми зиддиамрикоӣ тавваҷҷуҳ доштанд, миёнаҳои соли 1990 эрониҳо низ дар Афғонистон, ки масъалаи иттифоқ бо роҳбарони террористон зери ҳимояи толибон ба душворӣ рӯ ба рӯ буданд, нақши танзимкунанда доштанд. Бин Лоден соли 1996 аз Судон ба Афғонистон омад.
Разветчикҳои онҳо масъаларо чунин медиданд, то ки бо касоне вохуранд. ки назоратро дар Кобул ба даст орад.
Мутобиқи маълумоти разветкаи ИМА, 28 сентябри соли 1996 Шӯрои амнияти миллии Эрон ҷаласа гузаронида, ба мувофиқа омаданд, ки дар таъсиси ҷабҳаи худ аз ӯзбекҳо, тоҷикон ва шиаҳо барои муқовимат бо толибон кӯмак мерасонанд. Разветкаи Эрон ва Гвардияи инқилобии Эрон фармон дода шуда буданд, ки ба Мазори Шариф ва Толиқон дар шимоли Афғонистон барои расонидани кӯмак ба мухолифини навтаъсис фиристонида шаванд.
Пас аз як моҳ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти миллии Эрон мақомдорони баландпоя розӣ шуданд, ки талош кунанд Ҳиротро дар ғарби Афғонистон зудтар озод намоянд, то ки озодии бештари ҳаракатҳои нерӯҳои мухолифини дастгири Эронро таъмин намоянд, мутобиқи ҳисоботи разветкаи Амрико.
Баъдтар, аз рӯи маълумоти хадамоти иктишофӣ, ба зиммаи Гвардияи инқилобӣ ва ҳайати низомии дастгоҳи амнияти Эрон масъулияти асосии оперативӣ барои иштироки Эрон дар Афғонистон гузошта шуд.
Дар натиҷа Эрон нерӯҳои худро барои дастгирии мухолифини афғон бо Россия муттаҳид сохт ва муборизаи Эрон бо толибон, шояд имкон надод, ки бин Лоден бо разветкаи Эрон иттифоқ бандад. Моҳи июни соли 1997 толибон сафорати Эронро дар Кобул бастанд.
Шоҳрух Туйчизода, омузгори ДКМТ