АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Мани донишҷуй дар шабакаҳои иҷтимоӣ  руйдодҳои сиёсиро пайгирӣ менамоям. Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост, таърихи ҷнгҳост,  таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт. Ин мушкили моро осон намекунад. Онҳоро ҷиддан бояд омӯхт. Аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ накарда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгӯӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки ба миллат осеб натавонанд расонанд.

Ҳамзамон, дар муқобили тахрибкории бадхоҳони миллат, воқеияти дохили мамлакатро низ бояд мадди назар гирифт. Намунаҳои ҳақиқатан ватандӯстона ва миллатпарастонаи онро минбаъд ҳам қувват бахшид. Оид ба арҷгузории масъала аз муҳимтарин категорияи фалсафии сабаб- оқибат дар лаҳзаҳои барои таъмини амнияти миллӣ ҳассос истифода кард. Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъминиамнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешавад. Ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи мусобиқаи интеллектуалӣ байни сохторҳои ин муассиса бо террористҳо, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, объектҳои таҳти назар муайянкардаи қонун нест.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими  ҷомеа ба шумор меравад. Солҳои охир на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё сафи ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, афзуда истодааст. Агар ҷавонони имрӯзаро бо насли гузашта муқоиса намоем, тафовут хеле калон аст. Сохти иҷтимоӣ кулан тағйир ёфта, ҷавонону наврасон бештар ба соҳаи техника рӯ овардаанд. Агар дар замони гузашта барои тарбияи наврасон ва ҷавонон китобҳои бадеӣ ва осори классиконро истифода бурда, ҷавонон дар мутолиаи китоб байни ҳам мусобиқаҳо ташкил мекарданд, мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ китоб моҳияти худро қариб, ки гумм карда, насли ҷавон дар тамошои филмҳои даҳшатовару куштор ва дорои фаҳш, ки баръакс, ба ояндаи онҳо зиёновар аст, сабқат мекунанд.

Ҳоло асари Саттор Турсун “Се рузи як баҳор”-ро мутоли мекунам ва як олам ғизои маънавӣ мегирам.

 

Анушервон Сироҷидинов,

донишҷуи факултети электромеханикаи ДКМТ