Рӯзи 4 июни соли 2019, соати 11-30 сокинони деҳаи Оқсойи ноҳисяи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки савори мошини КАМАЗ буданд, дар роҳи ҳаракати мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Қалъача Ғанизода Шаҳбоз, соли таваллудаш 1991, ки дар самти Исфара – Ворух ҳаракат дошт, дар ҳудуди даромадгоҳи деҳаи Оқсой барқасдона монеъа эҷод намуда, баъдан ӯро барои роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам ва мошини ӯро сангборон кардаанд, ки дар натиҷа шишаи оқиби мошин пора-пора гардидааст.
Ғанизода Шаҳбоз бо ҳамроҳии модарашу кӯдаки 6-7 солааш, инчунин як хешованди дигари ӯ аз шаҳри Исфара ба Ворух бармегаштанд.
Тавре аз маълумоти фаврӣ бармеояд, кӯдаки 6-7 солаи Ғанизода Шаҳбоз аз ин ҳодиса ва даҳшатнокии амали қирғизҳо сахт тарс хӯрдааст ва ӯро барои муоина ба беморхона бурдаанд.
Амали тарҳрезишуда будани ин қазия дар он зоҳир мегардад, ки баъд аз 10-15 дақиқаи рух додани ин ҳодиса кормандони васоити ахбори умуми Қирғизистон дар деҳаи Оқсой бо дастгоххоиаксбардорй ва наворбардории худ барои инъикоси он ҳозир шудаанд.
Хабарнигорони расонаҳои қирғизӣ дар иттилооти оҷилан пахшнамудаи худ ҳодисаро бидуни таҳқиқ яктарафа, ҳамчунин садамаи нақлиётӣ арзёбӣ намуда, Ғанизода Шаҳбозро барои идора карда натавонистани воситаи нақлиёт ва бархӯрди мошини ӯ ба мошини боркашони КАМАЗ-и шаҳрванди Қирғизистон айбдор намудаанд, ки дар асл чунин нест.
Дар сарҳади байни деҳаи Оқсой, дар даромадгоҳи деҳаи Ворух даҳҳо нафар сокинони Оқсой, ки аксаран ҷавононанд, ҷамъ шудаанд.
Ин амали барқасдона ва иғвогаронаи ҳамсояҳои моҷароҷӯ дар арафаи Иди Фитр боиси озурдахотирӣ ва нороҳатию изтироби сокинони деҳаи Ворух гардидааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара дар робита ба таҳқиқи ин ҳодиса кор оғоз кардаанд ва ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳодисаи нохуш чораҷӯӣ доранд.
Икбол Тешаев