Мудири кафедра: Ҳочибоев Далер Дадоевич
Таҳсил: Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзаил илмҳои техникӣ
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ
Тел: +992 92 778 23 78
Email: daler_8788@mail.ru, dalerkhojiboev@gmail.com
Суроғаи корӣ: ш. Бӯстон, к. Московская 6, бинои асосӣ.
ТАЪРИХИ ТАШКИЛЁБИИ КАФЕДРА:
Кафедраи Экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар сохтори Факултети Металлургия буда, аз соли 2013 фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Кафедраи экология бо мақсади рушди нерӯи илмию техникӣ, ҷорӣ намудани навгониҳои соҳа дар раванди таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саъю кӯшиш намуда истодааст.
Кафедра мутахассисони соҳаи экологияро аз рўи ихтисосҳои 330101-05 «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист» ва 57010101 – “Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ”омода менамояд.
ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА (БО ҚАЙДИ ВАЗИФА ВА УНВОНИ ИЛМИАШОН)
- Юнусов Музафар Мамадҷонович – доктори илмҳои химия, профессор, Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, аъзо корреспонденти Академияи Муҳандисии байналхалкӣ;
- Розиқов Зафар Абдуқаҳорович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, Академики академияи муҳандисии байналхалкӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон
- Мавлонов Маннон – номзади илмҳои химия, дотсент.
- Ҳоҷиён Мирзошокир Қосимпур – номзади илмҳои техникӣ, дотсент;
- Саксанова Наима Абдуҷаборовна – омӯзгори калони кафедра.
- Ҷӯмаев Шаҳобиддин Шамсидинович – номзади илмҳои химия, омӯзгори калон;
- Назарова Маҳинахон Элмуродовна – ассистенти кафедра;
- Абдуллоева Таҳмина Баҳромовна – ассистенти кафедра;
ИШТИРОК ДАР ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Кафедраи Экологияи ДКМТ фаъолона дар Лоиҳаҳои байналхалқӣ иштирок менамояд. Яке аз онҳо Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии Об Евразия (2011-2022) мебошад, ки он вобаста ба самти идоракунии захираҳои обӣ мебошад.
Бо истифода аз ин имкониятҳо донишҷӯёни ихтисосҳои кафедраи Экология имконияти таҳсил намуданро дар Норвегия доранд. Аз тарафи ДКМТ ҳамасола донишҷӯён барои таҳсил ва таҷрибаомӯзии тобистона ба Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия (NMBU) сафарбар карда мешаванд. Ҳама машғулиятҳо дар Норвегия бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда аз донишҷӯ дараҷаи баланди донистани забони англисиро талаб менамояд. То имрӯз 30 нафар донишҷӯён ва ҳайати профессориву омӯзгории донишкада ба NMBU сафарбар карда шуда буданд.
Ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, июни соли 2022, NMBU, Норвегия
Инчунин, олимони кафедраи экология аз соли 2011 инҷониб бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. дар якчанд Лоиҳаҳои байналхалқӣ иштирок намуда буданд: “Таҳлили дараҷаи ифлосшавии обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ” (2011-2015); «Тадқиқоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ» (2016-2019); COP4WASH Central Asia.
Тибқи Лоиҳаи “Таҳлили дараҷаи ифлосшавии обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ” (2012-2015) ташкил намудани мониторинг нисбати муайян намудани 9 металлҳои вазнини асосӣ дар дарёи Сир дар муддати се сол ва баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавӣ ва кўчиши байнисарҳадии ин металлҳо дар дарё ва инчунин гузоштани асос барои мониторинги доимоамалкунанда дар минтақа ба назар гирифта шуда буд. Мақсади асосии Лоиҳа, ташкил намудани Лабораторияҳои аналитикии ҳозиразамон, ки имконияти муайян намудани миқдори металлҳои вазнинро доранд, дар ҳар як давлатҳои иштироккунанда буд.
Профессорони кафедра д.и.т Розиқов З.А. ва Юнусов М.М бо аспирантон Ҳоҷибоев Д.Д.ва Шерматов Ҷ.Н. дар лабораторияи ДКМТ (2013)
Дар марҳилаи 2-юми Лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии Об Евразия II” (2015 – 2019) корҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ иҷро гардиданд. Ҳадаф ва самти фаъолияти Лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии об» мустақиман ба қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ оид ба эъломияи Соли Байналмиллалии оби нўшокӣ (2003с.) ва Даҳсолаи байналмиллаии «Об барои ҳаёт» (2005-2015с.), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ки иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, равона шудааст. Мақсади ин лоиҳа ҳамоҳангсозии раванди таълими ихтисосҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва идоракунии захираҳои обии давлатҳои иштироккунандагон мебошад. Лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии об», дар натиҷаи робитаи деринаи Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия (ш.Аас) ва Донишгоҳи миллии техникии Украина «Донишкадаи политехникии Киев» ибтидо гирифта, дар атрофи худ донишгоҳҳоро аз 5 мамлакат дар шабақаи лоиҳавӣ муттаҳид намуд.
Иштирокчиёни Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012 с.
Дар Лоиҳа 12 донишгоҳҳо аз давлатхои Аврупо ва Осиёи Маркази иштирок варизиданд:
- Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия
- Донишгоҳои Давлатии технологии Белоруссия
- Донишгоҳи технологии Молдавия
- Донишгоҳи миллии техникиии Украина «Донишкадаи политехникии Киев»
- Донишгоҳи Давлатии технологии Черкасс
- Донишгоҳи давлатии химикӣ-технологии Украина
- Донишгоҳи давлатии Ҷанубии Қирғизистон
- Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон
- Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон
- Донишгоҳи миллии Қирғизистон
- Донишгоҳи байналмилалии “SILKWAY”
- Донишгоҳи Славянии Қирғизистону Россия
Донишҷӯёни ДКМТ дар Шпитсберген, 2019.
Вазифаҳои асосии Лоиха:
- Ҳамкории олимони донишгоҳҳо-иштирокчиёни Лоиҳа дар корҳои илмӣ тадқиқотӣ;
- Нашри китоби дарсии «Идоракунии захираҳои обӣ. Усулҳои физикӣ-химиявии об»
- Таҷрибаомўзии донишҷўён дар Норвегия;
- Ворид намудани модулҳо ба нақшаи таълимии ихтисосҳо: (Асосҳои физикӣ-кимёвии усулҳои коркарди об; Тозакунии обҳои шоранда; Идоракунии захираҳои обӣ)
- Омода намудани дастурҳои таълимӣ;
- Таҷҳизонидани ва пурзўр намудани базаи моддӣ-техникии донишкадаҳо.
Вобаста ба мавзўъҳои Лоиҳа дар ҳамоҳангӣ бо шарикон, зиёда аз 10 конфронси байналхалқӣ аз он ҷумла дар Тоҷикистон (моҳи октябри соли 2012, 2018) гузаронида шуда, 225 мақолаҳо, маърўзаҳову фишурдаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ-техникӣ ва дар маводҳои конфронсу семинарҳо ба чоп расиданд, бархе аз онҳо дорои патентҳо шуданд. Ҳамаи иштирокчиёни Лоиҳа имконияти истифодабарӣ аз шабакаҳои байналмилаллӣ ва маводҳои илмиро доштанд.
Семинари байналхалқӣ бо иштироки олимони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, 2018, ш.Бӯстон (тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии Об Евразия)
Тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии об Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон ҳар сол 2 нафар донишҷўёни лаёқатманди соҳаи омодакунии об таҷрибаомўзии тобистонаро дар пойгоҳи Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия гузарониданд;
- Соли 2012 – Иброҳимӣ Хушнуда; Абдусамиев Исо;
- Соли 2013 – Норқўзиев Хушрўз; Муродов Шаҳзод;
- Соли 2014 – Миҷгонаи Сайфулло; Ашуров Азим
- Соли 2016 – Маъмуров Акрам
- Соли 2017 Субҳонқулов Субҳонқул; Юлдошев Хуршед
- Соли 2018 Содиқова Нилуфар; Пулатов Абдурасул; Косимов Шокир; Мирзоев Мастон;
- Соли 2019 Ҷураев Илҳом; Қаландаров Ҳусейн
- Соли 2022 Мӯминшоев Ҳилолӣ; Сатторов Саттор; Ҳакимов Акмал
Иштирок дар Анҷумани байналхалқӣ. Соли 2019 бо даъвати Иттиҳоди байналхалқии Об (IWA) ва Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия аз санаи 01-уми декабр то 08-уми декабри соли 2019, профессори кафедраи экология, ҳамоҳангсози Лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии об II”- Розиқов З.А. ва мудири кафедраи экологияи донишкада – Ҳоҷибоев Д.Д. дар анҷумани байналхалқӣ оид ба рушди захираҳои об, ки дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка баргузор гардид, иштирок намуданд.
Анҷумани мазкур аз тарафи Иттиҳоди байналхалқии Об (IWA) ташкил карда шуда аз санаи 01 то 05 декабр идома ёфт, он аз кушодашавии тантанавӣ, баромадҳои пленарӣ ва кори сессияҳо иборат буд. Бояд қайд намуд, ки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷиқистон расман моҳи декабри соли 2018 ба ин ташкилоти бонуфуз қабул шуда буд.
Дар давоми кори анҷуман 64 семинарҳо, 12 форум, 1 симпозиум ва 6 маърӯзаҳои асосӣ вобаста ба оби нӯшокӣ, тозакунии обҳои шоранда, барқароркунии захираҳо, идоракунии партовҳо, идоракунии захираҳои обӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувори СММ баргузор гардиданд. Инчунин, 100 муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз тамоми кишварҳои дунё дар намоишнома стендҳои худро вобаста ба самтҳои Анҷуман гузошта буданд.
Дар сессияҳо маърӯзачиён аз ҳамаи кишварҳои дунё иштирок варзиданд. Дар рафти ин чорабинӣ аз тарафи Директори Генералии Иттиҳоди байналхалқии Об (IWA) профессор Kalanithy Vairavamoorthy ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон сертификати аъзогӣ супорида шуд.
Тақдими сертификати аъзогӣ ба IWA барои ДКМТ
Дар сессияи бахшида ба сифати оби нӯшокӣ кормандони ДКМТ фишурда бо мавзӯъи “Баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавии дарёи байнисарҳадии Сирдарё” баромад намуданд, ки он дар маҷмӯи маводҳои анҷуман ба чоп расид, ҳамчунин дар сессияи бахшида ба пешравии интернатсионаликунонии маълумоти олӣ дар соҳаи об барандагӣ намуданд.
Иштироки ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии Лоиҳаи байналмилалии «Water Harmony Eurasia II» дар Норвегия санаҳои 09.06-15.06.2022.
Мувофиқи нақшаи кории Лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии об Евразия – 2», ки донишкадаи мазкур узви он мебошад, санаҳои 09-15 июни соли 2022 дар Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ҷаласаи кории чамъбастии коршиносони Лоиҳа, тренинг барои ҳайати профессориву омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар кори лоиҳа ректори донишкада д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Б.Н., ҳамоҳангсози лоиҳа аз Тоҷикистон – д.и.т., профессор Розиқов З.А. ва котиби лоиҳа н.и.т. Ҳоҷибоев Д.Д., иштирок варзиданд.
Стансияи зеризаминиии омодакунӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ, Норвегия, 2022.
Санаҳои 10 то 15 июн ҳангоми сафари корӣ дар Норвегия тибқи нақшаи Лоиҳа чунин корҳо анҷом дода шуд:
Ҷаласаи кории Лоиҳа (санаи 10.06.2022):
- Баррасӣ намудани мутобиқкунии барномаҳои таълимӣ ба талаботҳои корхонаҳои саноатӣ;
- Тавсияҳо оид ба нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии номдор;
- Ташриф ба лабораторияҳои илмии муассиса;
- Таъминоти сифати таҳсилот ;
- Лексияҳо ва семинари интерактивӣ.
Семинари таълимӣ (санаи 11.06.2022):
- Таҷрибаи раванди таълим дар ИМА;
- Мисолҳо аз Университети Колумбиягӣ (шаҳри Ню – Йорк);
- Раванди таълим дар системаи фосилавӣ;
- Омода кардани маводҳои таълимӣ методӣ барои таълими электронӣ;
- Ҷаласаи корӣ оид ба иҷроиши вазифаҳои лоиҳа.
Кушодашавии курси интенсивӣ (санаи 13.06.2022) бо иштироки зиёда аз 60 нафар донишҷӯён оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шароити иқлими хунук;
- Ташкили курси мазкур барои донишҷӯёни аз кишварҳои гуногун;
- Раванди азхудкунии курс ва санҷишу ҳисоботҳои ҷамъбастӣ.
Ҳайати профессориву омӯзгории донишкада дар семинари хотимавии омӯзишӣ барои баланд бардоштани тахассус “Педагогикаи инноватсионӣ дар барномаҳои таълимии самти оби мактабҳои олӣ” ки дар мавзӯъи “Физические и киберриски в водном секторе” шуда гузашт, иштирок варзиданд. То ин давом 10 семинари дигар дар мазӯъҳои гуногун тариқи онлайн шуда буд. Тренинги мазкур аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ташкил карда шуда, дар он профессорон аз кишварҳои Норвегия, ИМА ва ширкатҳои соҳаи об маърӯза намуданд.
Ҳамчунин, иштирокчиёни Лоиҳа аз фаъолияти ширкати ScanWater шинос гардиданд.
Санаи 14.06.2022 аъзоёни Лоиҳа бо фаъолияти муассисаи давлатӣ оид ба тоза кардани обҳои шоранда ва стансияи зеризаминиии омодакунӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ аз наздик шинос гардиданд.
Моҳи июни соли 2022 3 нафар донишҷӯёни донишкада инчунин ба кишвари Норвегия барои гузаронидани таҷрибаомӯзии тобистона сафарбар карда шуданд ва дар давоми 21 рӯз онҳо дар курси «THT311 Идоракунии захираҳои обӣ ва технологияи коркарди он, 10 ECTS (кредит); Идоракунии захираҳои обӣ дар иқлими хунук, 5 ECTS (кредит), ки дар Донишгоҳи табиии Норвегия шурўъ гардидааст, дар санаҳои поён зикршуда иштирок варзиданд:
- Мӯминшоев Ҳилолӣ – донишҷўи курси 3, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист;
- Сатторов Саттор – донишҷўи курси 3, ихтисоси ташкили ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш;
- Ҳакимов Акмал – донишҷўи курси 4, ихтисоси таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ.
Дар давоми 21 рӯз донишҷӯён курси номбаршударо гузашта, инчунин дар лабораторияҳои муассиса корҳои таҷрибавиро вобаста ба усулҳои тоза кардани обҳои шоранда, шиносоӣ аз иншоотҳои тозакунии об ва ғ. меомӯзанд. Ба онҳо профессорони Донишгоҳҳои Норвегия ва дигар кишварҳо таълим медиҳанд.
САМТҲОИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН ва ИХТИСОСҲО:
Дараҷаи бакалавриат (BSc)
Кафедраи Экологияи ДКМТ мутахассисонро дар ду самт омода менамояд: 330101-05 Ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва 57010101 – “Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ”.
Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандгони ихтисоси 330101-05 «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист» – ин коркард, лоиҳакашӣ, сохтан, ба истифода додан ва такмили техника ва технологияи ҳифзи табиат, ташкил ва идоракунии корҳои муҳофизати табиат дар корхонаҳои саноатӣ ва дар комплексҳои минтақавии – саноатӣ буда, бо экспертизаи лоиҳаҳо, технологияҳо ва истеҳсолот, сертификатсияи маҳсулотҳо бо мақсади ба дастовардани бехатарии экологӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.
Аз соли таҳсили 2023-2024 дар кафедра қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисоси: 57010101 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ” оғоз гардид. Хатмкунандаи ихтисоси 57010101 – “Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ” барои кор дар корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои гуногун, инчунин истихроҷи маъдан ва саноати металлургӣ, ва дигар корхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун омода карда мешавад. Доираи фаъолияти хатмкунандаи ихтисоси мазкур – таъмини бехатарии экологӣ; муомилот бо партовҳо, тозакунии об ва омода кардани он; истеҳсолоти химиявӣ (дар соҳаи технологияҳои ҳифзи табиат (экологӣ); истеҳсолоти металлургӣ (дар соҳаи омодакунӣ ва тозакунии об); истеҳсолоти мошинаҳо ва таҷҳизотҳо (дар самти утилизатсия ва безараргардонии партовҳои гуногун ва таъмини бехатарӣ; таҳия, балоиҳагирӣ, танзим, истифода ва такмили таҷҳизот ва технологияи ҳифзи муҳити зист, ташкил ва идоракунии корҳои ҳифзи муҳити зист, экспертизаи лоиҳаҳо, технологияҳо ва истеҳсолот, сертификатсияи маҳсулот бо мақсади ноил шудан ба бехатарии экологии фаъолияти хоҷагидории инсон, кам кардани хавфи таъсироти антропогенӣ ба муҳити зист.
Дараҷаи магистратура (MSc)
Аз соли таҳсили 2023-2024 қабули магистрон ба ихтисоси 33010101 Экология (MSc) оғоз гардидааст. Айни замон дар курси якум 4 нафар ва курси дуюм 5 нафар магистрон таҳсил намуда истодаанд.
Дараҷаи Докторантура (PhD)
Аз соли таҳсили 2021-2022 қабули докторантон ба ихтисоси (PhD) “Геоэкология ва истифодабари захираҳои табиӣ” оғоз гардидааст. Айни замон дар курси якум ва дуюм 2 докторантон таҳсил намуда истодаанд.
ТАШКИЛИ КОНФРОНСҲО ВА СЕМИНАРҲО
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ “Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор”
Санаи 24.09.2022 тибқи нақшаи баргузории конфронсҳои илмӣ барои соли тақвимии 2022 дар ДКМТ аз ҷониби кафедраи экологияи факултети металлургия конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор” дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 баргузор гардид.
Дар кори конфронс олимон аз хориҷи дуру наздик, навояндагони МИҲД ш. Бустон, ректорону омӯзгорон аз донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд, намояндагони корхонаҳои саноатии вилоят, намояндагони ВАО ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд. Тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии об Евразия профессор ва Директори Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии об (IWA) аз Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Жекеев Малик Косимович инчунин ташриф оварданд.
Дар қисми планерии конфронс Директори Шӯрои Ассотсиатсияи байналхалқии об (IWA), доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия, профессори фахрии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Харша Ратнавира дар мавзӯъи “Рақамикунонии соҳаи об: имкониятҳо ва вазифаҳо барои даҳсолаи оянда”, Садриддинов М.И. и.в. директори филиали МД Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯъи “Нақши равандҳои интегратсионӣ оид ба истифодабарии самараноки захираҳои обӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ”, д.и.техникӣ, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Розиқов Зафар Абдуқаҳорович дар мавзӯъи “Тадқиқоти сифати обҳои байнисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва муовини аввали ректори донишкада, н.и.геологӣ-минералогӣ, профессор Насриддинов З.З. дар мавзӯъи “Дурнамои азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар давраи саноатикунии босуръат” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Сипас конференсия кори худро дар 8 бахшҳо: 1. Бехатарии экологӣ ва арзёбии таъсир ба муҳити зист дар соҳаи саноат; 2. Омода намудани мутахассисони баландихтисос ва маърифати экологӣ; 3. Технологияҳои сабз дар саноати кӯҳию металлургӣ; 4. Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ; 5. Муаммоҳои рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ; 6. Сифати таҳсилот дар ихтисосҳои самти кӯҳию металлургӣ; 7. Илм ва истеҳсолоти саноатӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмию-таҳқиқотӣ; 8. Самаранокии иҷтимоию иқтисодии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ; идома дод.
То оғози конференсия дар саҳни Донишкада дастовардҳои илмии муассиса барои иштирокчиёни конференсия нишон дода шуд.
Семинари илмӣ амалии байналмилалӣ бахшида ба Конфронси оби СММ 2023
Санаи 17 марти соли 2023 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд санаи 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, ташкил карда шуд.
Чорабинӣ бо ибтикори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Намояндагии котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сир, намояндагони соҳаи маорифи вилоят, инчунин 10 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои миёнаи умумӣ иштирок варзиданд.
Дар қисми асосии семинари илмӣ-амалӣ бо маърӯза ва презентатсияҳои худ баромад намуданд: Директори YGPE Мамадов И., намояндагони ISW Абдуллоева М. ва Содиқзода Т., доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А., донишҷӯи бахши 2, Фарҳоди Ангубин дар мавзӯъи.
Баъдан олимон, мутахассисон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо вобаста ба истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ, беҳдошт, омода кардани мутахассисони соҳа, ҷалби бештари донишҷӯён ва хонандагони МТМУ ба мавзӯъҳои баррасишаванда баромад намуданд.
Дар охири семинар барои нишастагон онлайн викторина ташкил карда шуд. Ғолибони он бо тӯҳфаҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин аз тарафи ташкилкунандагон оид ба сарфакорона истифодабарии захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аксияҳои гуногун гузаронида шуд.
ЯКУМИН ФЕСТИВАЛИ «СУҒД – КЛИМАТ – FEST» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 31-уми майи 2024 сол якумин Фестивали «СУҒД – КЛИМАТ – FEST» (оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои гуногун), тибқи Лоиҳаи “Тағйирёбии иқлим ва устуворнокӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои кабудизоркунӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳо, хоҷагии деҳқонӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ, ҳамкорони рушд, кормандони соҳаи илмҳои гуногун ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Мақсади асосии фестивал баланд бардоштани фаҳмиш ва огоҳӣ дар сатҳи минтақавӣ дар байни аҳолӣ ва тарафҳои асосии манфиатдор оид ба хатарҳои иқлим ва чораҳои мавҷудаи мутобиқшавӣ буд.
Дар доираи он намоишгоҳи ихтироот ва молу маҳсулоти гуногун вобаста ба сарфаи энергия ва об, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои алоқаманд баргузор гардид.
Баъди анҷоми намоишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки олимон, мутахассисон ва коршиносони соҳа бо пешниҳоди маърӯзаҳои илмӣ баргузор гардид.
Дар конференсия бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд: намояндаи МИҲД вилояти Суғд – Раҷабзода Муҳаммадҷобир, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷиикстон – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, сардори намояндагии Барномаи рушди СММ дар ш. Хуҷанд Мирсаидова Ҷамиля, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – Саидов Хуршед.
Дар қисми баромадҳо номзади илмҳои химия Абдувалиев Аскар , Директори Агентии обуҳавошиносии вилояти Суғд Ҳомидов Абдувалӣ, Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» Мамадов Икромҷон, Ассистенти кафедраи экологияи ДКМТ Назарова Махинахон суханронӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми конфронс, ки дар толори шӯрои илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаи озмуни лоиҳаҳои амалӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва идоракунии оқилонаи муҳити зист ҷамъбаст гардид. Ҳамаи онхо бо тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида шуданд.
Иштирокчиён ва меҳмонон аз баргузории Фестивал баҳои баланд дода, онро Лоиҳаи муваффақу муфид донистанд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки ин Фестивал анъанавӣ ва солона мегардад.
Фестивал аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор гардид. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ташкилоти чамъиятии «Гуруҳхи чавонон оид ба хифзи мухити зист» ва як катор сохторҳои тиҷоратии вилоят ва ҷумхурӣ шарик буданд.
Семинар: Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” 20.04.2023 ДКМТ
Санаи 20-уми апрели соли 2023 бо ташаббуси омӯзгори калони кафедра Саксанова Н.А. дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сир, ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишкада ширкат варзиданд.
Баъди шунида шудани маърӯзаҳои асосии семинар олимон, мутахассисон, донишҷӯён масъалаҳои вобаста ба истифодабарии оқилонаи захираҳои об, беҳдошт, омода кардани мутахассисони соҳа, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотиро муҳокима намуданд.