Дастаи таблиғотӣ барои пешбурди ақидаи сиёсии давлат аз замонҳои пеш вуҷуд дошт, ки ҳадафи ниҳоии он пойбарҷо нигоҳ доштани зербинои давлатдорӣ мебошад.
Назар ба гуфтаю навиштаи Озод САИДҶАЪФАРОВ, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон “Тарғибгарони миллати тоҷик дар собиқаи сарнавишти чандинасрааш шахсиятҳои гуногуни марбут бар касбу пешаҳои мухталиф буданд.
Агар ба давраҳои то истиқлолияти сарнавишти миллати тоҷик дида дӯзем, мубаллиғони дараҷаи якуми миллат – инҳо Абӯмуслими Хуросониву Муқаннаъ дар даврони ҳуҷуми аъроб, Исмоили Сомонӣ ва устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асрҳои IX – X, Абулқосим Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ ва Носири Хусрав дар асрҳои X – XI, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ дар даврони ҳуҷуми муғул, Аҳмади Дониш ва Шамсиддин Шоҳин дар давраи ҳукумати манғитиён, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар даврони ИҶШС ба ҳисоб мерафтанд. Ҷуз аз абармардони зикршуда, албатта, афроди зиёди сарсупурдаи миллат буданд, ки ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ тааллуқ доштанд ва тавассути кору пайкори хеш бо қалам ва ё теғу сипар ҳимоя аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон мекарданд.
Хидмати бузурги абармардони мазкур иборат аз он буд, ки ҳар кадом дар даврони худ нисбат ба таассубот нафрати беандоза доштанд ва дар муқобили ақоиди мутаассибонаи роиҷи замони худ сахт истодагарӣ карда, дар роҳи пуршарафи дифоъ аз Ватан ва забони тоҷикӣ аз касеву чизе бим надоштанд. Бо баракати ин қабил абармардони ҷонфидо, миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ то ба ҳол зиндаву ҷовид аст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушо, ки Эзади меҳрубон боз як мубаллиғи дараҷаи якумро барои мардуми тоҷик арзонӣ дошт, ки вуҷуди шарифи он кас дар саҳнаи сиёсати бузурги кишвар мӯҷиби пайванди дубораи силсилаҳои азҳамгусехтаи миллати тоҷик гардид. Ин шахс, бегумон, Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки идеяи миллиро пас аз инқирози дудмони Сомониён дубора эҷод карданд, идеяе, ки ба муддати зиёда аз ҳазор сол аз ҳар хонадони тоҷик дур афтода буд, идеяе, ки маҳрумият аз он барои мардуми тоҷик то вуруди ӯ ба саҳнаи сиёсӣ боиси парокандагиву бегонашавӣ ва ба кӯҳистониву ғайрикӯҳистонӣ ва шимоливу ҷанубӣ тақсим шудани он гардида буд. Вуҷуди ҳамин мубаллиғи дараҷаи 1- и миллат – ин вуҷуди идеяи миллӣ, дақиқтар идеяи ягонаи миллӣ гардид.
Эҷоди идеяи миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути гузоштани асосҳои сулҳу ваҳдати куллии миллати тоҷик роҳандозӣ шуд. Зимнан, бояд қайд кард, ки гузоштани ин асосот бар мабнои таҳаммулгароӣ ва муборизаи беамон бар зидди таассубот дар маънои кулл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Якпорчагӣ ва ваҳдати куллии миллати тоҷик танҳо ва танҳо ба василаи муборизаи беамони ин абармард бар зидди таассубот амалӣ гардид. Бинобар ин, шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро метавон барҳақ муборизи сарсупурда алайҳи ҳама гуна таассубот дар асрҳои XX – XXI сарнавишти миллати тоҷик эътироф кард.
Дар саҳнаи мубориза бар зидди таассуботи фарогирифтаи сарнавишти миллат Пешвои муаззам, пеш аз ҳама, ба кушодани рагҳову шараёни карахтшудаи ҷисми миллат кӯшиш ба харҷ дод ва ҷиҳати нест кардани зангу масмумоти ин таассубот идеяи миллиро фароҳам кард. Бар ин боварам, ки агар Ҳаким Фирдавсӣ дар ин давра мебуд, дигар барои ҳалокати Суҳроби миллат, ки киноя аз фарзандони ҷавонмарги миллат аст, фиғон барнамедошт ва бо афсӯс намегуфт: “Нӯшдору, ки пас аз марг ба Суҳроб диҳанд” ва, баръакс, барои Пешвои тоҷикон нидои “Аҷам зинда кардӣ”- ро арзонӣ медошт.
Пешвои миллат дар шараёни тоҷикон хуни ваҳдати куллиро ҷорӣ сохт ва тани миллатро аз фалаҷшавиву нестӣ наҷот дод. Тамоми маҳалҳои сарзамини тоҷиконро, ки қабл аз даврони истиқлолият ё бо роҳи табиӣ, ё сунъӣ аз якдигар канда шуда буданд, бо ҳам пайваст, роҳҳоро, ки баҳри ҳар кишвар ҳукми шараёнро доранд, миёни ҳама минтақаҳо ва вилоятҳо дубора барқарор сохт ва ё аз сари нав эъмор намуд. Барои ҳар шахсе, ки дар садри кишвар қарор дорад, эъмори роҳ – ин эъмори миллат аст, табобати ҷисму равони мардум аст. Наҷоти миллат – ин, пеш аз ҳама, барқарор сохтани муомилот ва муносиботи ҳасана миёни афроди гуногунмаҳал ва гуногунқавми миллат буда, дар ниҳояти худ, омезиши хуниву табории ҳама афроди маҳалҳои кишвар бо якдигар аст. Дар ҳақиқат, омезиши мардуми тоҷик бо якдигар – ин тавлиди фарзандони барӯманди миллат, тавлиди Суҳробҳои нав ва бо нӯшдоруи ваҳдат парасторишуда хоҳад буд.
Аз сангинтарин анвои таассуботи муосир, ки таъсири манфии он беш аз ҳар навъи дигари таассубот, ҳатто заҳрогинтар аз таассуби маҳаллӣ аст, ин таассуботи диниву мазҳабӣ мебошад, ки вуҷуди он дар ҳар ҷамъият ва давлате мӯҷиб бар тирабахтии фарогири мардум, бемории рӯҳонии афроди ҷомеа, сарсониву бехонумонӣ, аз даст рафтани бегуноҳон, аз даст додани наздикон, нобоварӣ ба ҳама – ба дӯстону наздиктарин нафарон, ҳатто, аъзои хонавода, қаҳтии шадид ва ниҳоят, мӯҷиби куфр мегардад. Дар ҳақиқат, таассуботи динӣ ба душмании шадид миёни афроди ҷомеа, фаротар аз он, миёни аъзои як хонавода, азҳамгусастагии занҷираи пайванду ваҳдати оилаҳову хонаводаҳо ва вайрон гаштани ваҳдати оилаҳо, дар ниҳоят, ваҳдати куллии ҷомеа мебарад.
Бинобар ин, ҳар фарди солимақли Тоҷикистон, агар ояндаи орому осуда ва неку хуҷастаи Ватани азизамонро бихоҳад, бояд барои тоза кардани заҳри таассубот аз мағзи наврасону ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ саҳлангорӣ ва бетарафӣ накунад. Зеро танҳо дар сурати мубориза бар зидди таассубот оромишу рифоҳи кишвар ва хушбахтиву фараҳмандии модарону кӯдакони мо фароҳам оварда мешавад. Миллати тоҷик миллати хирадниюш буд, ҳаст ва хоҳад монд ва ин бузургтарин силоҳест бар зидди ҳама гуна таассубот, ки ояндаи дурахшонеро дар пай хоҳад овард”.
Тадриҷан аз вартаи мазҳабӣ шудани ҷомеа канораҷуӣ намуда, мо ба фатҳи қуллаҳои дониши техникӣ наздик мешавем. Ҳамин нуктаро ҷавонон бояд бештар эҳсос намоянд.
Тахминаи Абдулло, омузгори ДКМТ