Дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон муҳандис-экологҳоро низ ба камол мерасонанд, ки онҳо дар ҳифзи муҳити зист ҳамчун мутахасиси соҳа саҳмгузорӣ менамоянд. Ин ҷо ду пеша тавъам аст. Муҳандиси саноати коркарди куҳӣ ва муҳандис-эколог. Зеро оқибатҳои экологии рушди саноати коркарди куҳӣ аз муҳандис масъулияти иҷтимоиро тақозо мекунад. Пешбинӣ намудани прогресси техникӣ бо пешниҳоди хулосаи амиқи илмии коршиноси ҳифзи муҳити зист. Муҳандис набояд аз масъулияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии масъалаҳои ба миёномада канораҷуӣ кунад. Мудом бо коршиносони соҳаҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон, кишоварзӣ бо агрономҳо, чорводон, ҷангалпарварон, геологҳо масоили ба миёномадаро муҳокима намояд. Рукни муҳими ҷанбаи ахлоқии фаъолияти муҳандис ин масъулият нисбат ба ҳамкорон ва ҷомеа мебошад.
Ҷиҳатҳои ахлоқии пешаи муҳандис кори худро аз руи виждон ба сифати баланд ва дар муҳлати муқараргардида ба ҷо овардан аст. Дар ҷомеаи меҳнатӣ барои муҳандиси ҷавон шароити корӣ муҳайё намуда ягонагии шавқу ҳавсалаи кор ва оиларо бояд таъмин намуд.
Одоби муҳандисӣ бештар ба рафтори инфиродии муҳандис эътибор дода, ба туфайли меъёрҳои ахлоқӣ фаъолияти касбиро танзим менамояд. Одоби муҳандисӣ дар сафи одобҳои амалӣ (чун этикаи тиббӣ, экологӣ, этикаи компютерӣ) қарор гирифтааст.
Байни одобҳои амалӣ, дар навбати худ, этикаи касбӣ – этикаи кормандони тиб ва адвокатҳоро метавон алоҳида қайд менамуд.
Одоби муҳандисӣ ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ахлоқӣ мудом мавҷуд буд. Шабеҳи софдилона иҷро намудани вазифаи худ, офаридани таҷҳизоте ки ба ҷомеа зарар нарасонад, дарки масъулият барои оқибати кори худ, шаклҳои муайяни муносибат ҳангоми истифодаи техника бо шарикони корӣ. Баъзе чунин муносибатҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ ба мисли қонун дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва моликияти зеҳнӣ инъикос ёфтааст. Чанде аз меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар санадҳои маъмурӣ, ба мисли низомнома, қоидаҳои рафтор, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ( муассисаи таълимӣ, корхона, ширкатҳо) сабт шудааст.
Ҳамчунин иттиҳодияҳои касбӣ (Иттифоқи журналистон, Академияи муҳандисӣ, Ассосиатсияи геологҳо, Паймони нафтчиён,) ки ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи зеҳнӣ ва ҳимоя намудани манфиатҳои касбӣ таъсис ёфтаанд, дар такмили меъёрҳои ахлоқӣ саҳмгузор буда метавонад.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ чунин иттиҳодияҳои касбӣ барои ҳалли муноқишаҳои ( барои таъмини амнияти лоиҳа ва муҳити зист) манфиатҳои бевоситаи ширкат мусоидат карда метавонад.
Тақаллубкорӣ дар рафти корҳои муҳандисии сохтмонӣ оқибати нек надорад. Тарҳи бино бояд бо назардошти авзои геология, экология омода шуда ҳангоми биносозӣ маҳсулоти басифати сохтмонӣ истифода дода шавад.
Дар такя ба осори ғании адабиёти классикии форсу тоҷик ҳангоми дарсҳои амалӣ таълими фанни этикаи касбиро тақвият бахшидан ба нафъи кор аст. Бештар таҳлили ҳолатҳои ахлоқӣ дар алоқмандӣ ба касб шогирдонро шавқманди этикаи касбӣ мегардонад. Минбаъд худи онҳо ҳамчун мутахасиси варзида дар тартиб додани қоидаҳои рафтори касбии худ дар заминаи донишҳои назариявӣ маҳорат пайдо мекунанд.
Гузашта аз ин барои пурра намудани фазои иттилотии донишҷӯ нақши воситаҳои ахбор низ муҳим аст. Аз ин хотир, донишҷуи муосир барои тақвияти ҷанбаҳои ахлоқӣ ва вусъати ҷаҳонбинии худ бояд аз ахбори дохилию хориҷӣ воқиф бошад. Дар оғоз ё анҷоми дарс каме муҳокимаи руйдодҳо дар ин самт нақши муҳим мебозад.
Умуман, такмили раванди таълими этикаи касбӣ дар донишкадаҳои техникӣ барои бо ҷанбаҳои ахлоқӣ мусаллаҳ намудани муҳандиси оянда нақши бориз мегузорад.
Р. Иззатулоев, омузгори
Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон