ИЗҲОРОТИ Ш.ИСМОИЛОВ ОМУЗГОРИ ДКМТ: ТАЪЛИМОТИ ОДОБИ МУҲАНДИС ТАҚОЗОИ РӮЗ АСТ

Дар шароити дигаргуншавии арзишҳои ҷомеа масъалаи ахлоқ дар мадди аввал меистад. Чунки як муҳандиси беодоб қодир аст ба гуруҳҳои тундгаро шомил гардида даст ба амали ифротгароӣ ва экстремистӣ занад. 

Аз инхотир, дар донишкадаи техникӣ ҷорӣ намудани фанни этикаи касбӣ аз замонҳои пеш ҷой дошт. Дар шароити муосири рушди илму техника таълим додани этикаи касбӣ бештар ҷанбаҳои ахлоқиро тақозо мекунад.

Ба мисле ки аввали баҳор таркиби хок мулоим гардида омодаи кишт мешавад, ба фарзанд ҳам насиҳатхалтаро во намуда волидон дарси одоб таълим медиҳанд. Аммо рисолати фанни этикаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии тахасуссӣ ва олӣ ба гӯши донишҷӯ насиҳат хондан нест. Чунки ҳар кадоми онҳо ба синни балоғат расида мустақилона пешаи ояндаи худро интихоб кардаанд. Дар донишкада аз нигоҳи илмӣ одоби касбиро таълим медиҳанд, то фардо мутахассис дар ҷои кор беадабӣ накунад ва аз кодекси ахлоқии касби худ воқиф бошад.

Хоса, барои муҳандис риояи рукнҳои ахлоқи касбӣ басо муҳим аст, ки иншоот ва ё таҷҳизоти бунёдкардааш хушсифат бошад. Вагарна, муҳандиси беодоб даст ба тахрибкорӣ мезанад, ки оқибати ногувор дорад барои ҷомеа.

Сиккаи некномӣ бояд аз қадамҳои аввал дар фаъолияти касбии муҳандисӣ ҳакокӣ карда шавад. Яъне маҳсули кор ба сифати олӣ анҷом дода шуда, асрҳои аср мавриди истифода қарор  гирифтани иншооти худро муҳандис кафолат диҳад. Аз масолеҳи сохтмон дуздӣ накунад, таркиби маҳсулотро бо моддаҳои зарурӣ пур кунад. Барои обрӯи баланди худ талош кунад. Ба шарофати кордонӣ, сифатнокии маҳсулот, дараҷаи баланди хизматрасонӣ ва хулқу рафтори нек муҳандис дар соҳаи худ соҳибобрӯ мегардад.

Нафари баодоб ҳаргиз пайи ғаразҳои сиёсӣ намешавад.