“МАКРОМАЙН” ҲАМКОРИ НАВИ ДОНИШКАДА

Инак, оид ба ҷорӣ намудани барномаи таълимии компютерии Макромайн дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон шартнома ба имзо расид.

Мавриди зикр аст, ки ҳануз  санаҳои 18-19-уми апрели соли 2019 ректори донишкада  Фозилзода М.М. ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳамадиев А.Н. дар Конфронси сеюми Осиёи Марказии барномаи МАЙКРОМАЙН, ки дар шаҳри Самарқанди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

      Дар  конфронси мазкур намояндагони донишгоҳҳои олӣ,  корхонаҳо ва сохторҳои марбут ба соҳаи кӯҳкориву геологии Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки барномаи МАЙКРОМАЙН, ки ба коркарди барномаҳои муосири компютерии идоракунии раванди кӯҳкорӣ машғул мебошад. Дар рафти кори конфронс маърӯзаҳо ва масъалаҳои оид ба истифодабарӣ, насбкунӣ ва фаъолгардонии барномаи МАЙКРОМАЙН шунида шуданд.

       Дар рафти конфрос, Меморандум байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо намояндагии ректор Фозилзода М.М. ва директори ширкати МАЙКРОМАЙН бо намояндагии  Клер Тюдер ба имзо расид.

    Баъдан, ректор Фозилзода М.М. оид ба мансуб будани  ин барнома барои ихтисосҳои донишкада, хусусан соҳаи геологиву кӯҳкорӣ  баромад намуда, изҳори сипос намуд.

Инчунин, санаи 20.05.2019с. намояндагони ширкати МАЙКРОМАЙН аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умед Мансуров ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон Байров Жасхан ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, калиди 25 адад Иҷозатномаи истифодабарии барномаи МАЙКРОМАЙН-ро тариқи ройгон ба донишкада тақдим намуданд. Дар рафти мулоқот бо ректори донишкада Фозилзода М.М. масъалаҳои ташкил намудани курсҳои кутоҳмудат, сафарбар намудани омӯзгорони соҳаи геологӣ ва кӯҳкорӣ барои бозомӯзӣ ва такмиили ихтисос аз тарафи ширкати МАЙКРОМАЙН  дида баромада шуд. Баъд аз мулоқот меҳмонон аз синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, осорхона ва фаъоияти Донишкадаи Конфутсияи дар назди ДКМТ дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд. 

 

А. Муҳаммадиев, сардори шуъбаи робитаҳои

байналмилалии ДКМТ