Боиси таассуф аст, ки имрузҳо мо чи қадар дар бораи фарҳангу маданият сухан кунем ҳам баъзе афродҳои нохалафе пайдо мешаванд, ки бар зидди давлату Ҳукумат суханхои таҳқиромез мегуянд.
Ҳаттое иддае аз мардумони орӣ аз ақлу фаросат дар руи пулҳои аз 1 сомонӣ то 500 сомонӣ ҳар гуна навиштаҷот дар бораи давлату Ҳукумат ё Президенти кишвар гуфторҳои безеб менависанд. Аслан пул ин муомилот байни инсонҳо ҳаст. Он аз насли наврас сар карда то ба дасти калонсолон мерасад. Ҷои он ки насли наврасро ба руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ тарбия кардан ин гуна суханҳои таҳқиромезро ба руи пулҳои сомонӣ менависанд. Пас наврасе, ки онро хонда мебинад чӣ гуна баҳо медиҳад?
Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд:
“То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқони оддӣ сар карда, то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эътибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайян нагардад давлати соҳибихтиёрро бо тамоми ҷузъиёташ ташкил кардан аз имкон берун мемонад.”
Оре, ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар ки чунин гуфторҳои пурмазмунро руи коғаз овардаанд.
Имруз мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тинҷу осуда ва сарбаланд зиндагӣ кардан бояд анъанаҳои аҷдодони гузаштаи худро давом диҳем. Ва ҳамагон бояд фикр кунем ва шукрона кунем, ки чунин давлати азизу муқаддас дорем. Мардуми тоҷик дар оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои некӯ, фазилату дурандешӣ ва дустиву рафоқатро нишон додааст. Мо бояд пайрави гузаштагони худ бошем.
Ин ойини некро фаромуш накунем!