Ба чанде аз ақидаҳои исломшинос Рустам Азизӣ дар мақолаи ҷолибаш ошно шудам, ки дар сомонаи маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст. Мавриди бархурди манфиатҳои гуруҳӣ муаллиф менависад, ки “Сараввал бояд таъкид намоем, ки дар ислом консепсияи миллат ва муносибати байни дин ва миллат дар маънои муосири ин мафҳумҳо вуҷуд надорад. Зеро таълимоти дини ислом дар садаи ҳафтум шакл гирифт, аммо мафҳуми миллат (nation) ба маънои муосири сиёсии он танҳо дар замони Нав ба вуҷуд омад ва ба ибораи назарияпардози машҳури аврупоӣ дар масъалаи миллат ва миллатгароӣ Э. Гелнер «миллат маҳсули замони бунёди соҳаи саноат (industrialisation) мебошад. Мафҳуми миллат дар Қуръон ба маънои динӣ омадааст ва ақидаи ваҳдати иҷтимоию сиёсӣ аслан бар пояи ваҳдати динӣ – уммати исломӣ гузошта шудааст. Худшиносии қавмӣ дар он марҳила аз ҷониби худшиносии динӣ танг карда шуд, ки албатта, дар шароити қуруни вусто як таҳаввули бузурге буд. Мусулмонон ҷамъияти наверо, яъне уммати мусулмонро ташкил мекарданд, ки ба ихтилофоти қавмӣ, нажодӣ ва забонӣ чандон аҳамият қоил набуд. Дар ҳадиси машҳур омадааст, ки «араб бар ғайриараб ва сафед бар сиёҳ ҳеҷ бартарияте ба ҷуз тақво надорад»
Умуман дар ин хусус метавон ба чанд масъалаи муҳим ишора кард:
1. Пайғамбари дини ислом Муҳаммад (с) тавонист ҷамъияти суннатии мабнӣ бар ваҳдати қабилавӣ ва қавмиро шикаст дода, тарҳи нави ваҳдати динӣ, яъне умматро пешниҳод кунад.
2. Ислом яке аз омилҳои калидие буд, ки тавонист қабилаҳои парокандаи арабро дар як муддати кӯтоҳ андаруни як ҷамъияти нав муттаҳид кунад. Қабилаҳо акнун на танҳо дар пояи ваҳдати забонӣ ва қавмӣ, балки дар асоси ваҳдати эътиқодӣ ва динӣ муттаҳид шуданд. Дар замони хилофати Аббосиён истилоҳи “муслим” ҷойгузини истилоҳи “араб” шуд.
3. Аз оғози таърихи худ уммати мусулмон мафҳуми фароқавмӣ буд, ки тамоми диндоронро новобаста аз мансубияти қавмӣ ва нажодӣ муттаҳид мекард.
4. Далели гуфтаҳои боло дар он аст, ки баробари ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ дар садаи бистум исломро марзҳои нави сиёсӣ тақсим накарданд. Ба ибораи ховаршиноси шинохтаи рус В. Бартолд «тақсим шудани ҷаҳони исломӣ ба давлатҳои мустақил ва гоҳо душман ва рақибони сиёсии ҳамдигар дар дидгоҳҳои ҷомеаи мусулмон таъсири нисбатан ночизе дошт. Ин марзҳои сиёсии нав ба унвони як тасодуфи таърихӣ шинохта мешуданд, ки заминаи шаръӣ надорад» [3, 26]. Аз замони ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ дар ҷаҳони ислом то ҳанӯз ислом яке аз омилҳои калидӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ин кишварҳо мебошад, ки на ҳамеша бо манфиатҳои миллӣ ва сиёсии онҳо созгор аст. Пажӯҳишгари амрикоӣ хонум К. Армстронг дар ин хусус менависад, ки «барои мусулмонон мутобиқ шудан ба шакли ғарбии давлатҳои миллӣ бо мушкилии зеҳнӣ ва эътиқодии онҳо рӯ ба рӯ мешавад, ки гӯё умматро боз ба қавму қабила ва гурӯҳҳои гуногун тақсим мекард» [2, 120]. Мушкилии пазируфтани тарҳи миллӣ дар он буд, ки миллат ва миллатгароӣ ба маънои муосири сиёсии он ҳамчун як бидъати ғарбӣ шинохта мешуд, ҳамчунин дар давраи таъсиси давлатҳои миллӣ дар сарзаминҳои мусулмоннишин дар он ҷо миллатҳои муосир вуҷуд надоштанд ва ҳатто заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои ташаккули он мавҷуд набуданд.
Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX муборизаи кишварҳо бар зидди истеъмори ғарбӣ масъалаи интихоби роҳи нави сиёсии кишварҳоро ба вуҷуд овард, ки оё бояд дар дохили Хилофати ягона бошанд ва ё давлатҳои алоҳидаи миллӣ ба вуҷуд оянд. Ҳамчунин мушкилии ислоҳот дар ҷомеа ва ҳаёти иқтисодию сиёсии кишварҳои мусулмоннишин ба вуҷуд омад, ки масъалаи таносуби мафҳумҳои миллат ва исломро дар байни ислоҳҳотталабон боз кард.”
Воқеан ҳам, таносуби ислом ва миллатгароӣ дар доираи маҳфилҳои илмӣ то ҳол мавриди баррасӣ қарор мегирад. Масалан, тибқи ақидаҳои муассиси панисломизм Ҷамолиддини Афғонӣ мусулмонҳоро барои муттаҳид шудан дар зери сояи хилофати усмонӣ ва мубориза бар зидди истеъмори ғарбӣ даъват мекард. Вале Туркия аз соли 1924 ниҳоди хилофатро барҳам дода, барои эъмори давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи тарҳ ва модели ғарбӣ тасмим гирифт.
Лиҳозо, мо бояд ба мақоми дин дар ҷамъияти имрузабо ақидаи солим нигариста, аз нигоҳи дунявӣ будани давлати демократӣ ба ин масъала баҳогузорӣ намоем.
Мухтор Мирзоахмедов, мудири кафедраи ФГИ-и ДКМТ