ИЗҲОРОТИ ОМЎЗГОРИ КАФЕДРАИ ҲАМЛУ НАҚЛИ ДКМТ А. ҒОИБОВ: ШУУРИ МО ЗАҲРОЛУД НЕСТ!

Боиси  афсӯс аст, ки дар ҷомеа  ашхосе ба миён омадаанд, ки ба решаи ҷамъияти муосир теша мезананд. Ба ин рафтор ва кирдорҳои тешадорон бесаводиву камшуурии онҳоро исбот намуда истодааст. Нақша ва роҳи интихобнамудаи онҳо ба ҷамъият на танҳо халал мерасонад, ҳатто шуури одамонро нисбати ҷамъият заҳролуд месозад.

Ин тоифа  номи ватанфурӯшонро баъди аъзо гардидан ба ташкилотҳои ТЭТ ва ҲНИ сазовор гардидаанд. Он аъзои гумроҳшуда  аз мафҳуми нақшаву мароми худ бехабаранд, роҳгумзадагон ва сарсонгардидагон мебошанд, ки гуфтаву бофтаҳои душманони ҷамъияти муосирро ба гӯшашон чун гӯшвори зумурадчашмдор овехтаанд. Ташкилкунандагони ин ҷамъиятҳо бо фитнаву бӯҳтон ва фиребҳои гӯшношунид халқи гумроҳзадаро ба худ ҷалб менамоянд.

Ба шарофати  ҷамъияти кунунии тоҷикон дар зери ливои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осоишта дошта ба роҳи интихоб намудаи гумроҳзадагон афсӯс мехӯранд, зеро онҳо номи гумроҳзадагиро сазовор гаштаанду ба авлоду аҷдодонашон иснод меоваранд ва хоҳанд овард. Чунин бошад ҳам баъзе роҳгумзадагон боз ба давлату кишвари худ баргашта истодаанд ва ё фикри баргаштан доранд ва баъзеи онҳо баъди дидани ватанашон ҳушёр мегарданд ва шод мешаванд, ки он давраҳои бо душманон гузаронидаашон хобашон будааст.

Бо дастгирии Пешвои миллат аз хориҷи кишвар 84 нафар кудакони асирони тоҷик ки дар зиндонҳои Ироқу Сурия хобидааанд,  ба Ватан баргардонида шуд, ки ин бешак комёбии Ҳукумат ва аҳли миллат аст.