Яке аз кафедраҳои пешбари Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, кафедраи фанҳои табиӣ-лмӣ таърихи тӯлони дорад. Кафедра санаи 02.10.2006с. бо қарори Шӯрои Олимони донишкада дар ҳайати факултети корҳои кӯҳӣ ташкил карда шудааст. Мудири аввали он номзади илмҳои физикю мтематика Акрамова М.М. (2006-2007) буданд.
Роҳбарии кафедраро солҳои 2007-2010 доктори илмҳои физ-мат Султонов Ю., солҳои 2010-2015, н.и.химия Тухтасунов О, солҳои 2015-2016 н.и.физ-мат, дотсент Эгамов М.Ҳ., солҳои 2016-2019 н.и.химия, дотсен Саидов Б.И. дар ӯҳда доштанд.
Ҳоло мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ н.и.т. Сулейманова Н.А. мебошад.
Дар тӯли фаъолияташ кафедра ба инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон бо омода кардани 3500 нафар хатмкунандагони донишкада ширкат варзида саҳми калон гузоштааст. Бисӣёр аз хатмкунандагони донишкадаи мазкур мутахассисони пешбару роҳбари корҳонаҳои саноатии гуногунро ба уҳда доранд.
Дар давоми слҳои дароз барои ташкилу инкишофи кафедра собиқадорони кафедра: профессор Акрамова М.М., дотсент Фозилова М.Ф., дотсентон Қозиев К.С., Эгамов М.Ҳ., Саидов Б.И., н.и.т. Ҳоҷиев С.К.,
омӯзгорони калон: Ғафоров С.Ҷ., Мирҳоликова М.А. ва дигарон саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Самти илмӣ
- Самти асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра ба ҳалли як қатор муаммоҳои таҳқиқи хосиятҳои механикӣ, оптикӣ, барқию оптикии қатраҳои кристалли моеи бо полимер диспергиронидашуда равон карда шудааст.
- Ҳамкории кафедра бо ташкилоту муассисаҳои соҳаи саноати металлургию корҳои кӯҳӣ. Кафедра дорои имконияти васеи илмӣ мебошад. Дар кафедра 1 профессор ва 2 номзади илм фаъолият менамоянд. Ба ҳайси муштарквазифаи дохилӣ барои бурдани фаъолияти илмӣ-педагогӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба дотсентон Қозиев К.С., Эгамов М.Ҳ., Саидов Б.И., н.и.т. Ҳоҷиев С.К. даъват карда шудаанд. Соли 2020 омӯзгорони кафедра кори илмӣ-тадқиқотиро бо роҳбарии н.и.физ-мат, дотсент Эгамов М.Ҳ. дар мавзӯи “Тадқиқи хусусиятҳои механикӣ, оптикӣ ва электрооптикии маводҳои композитии полимерии бо кристалли моеъ диспергардонидашуда” ба анҷом расонанд ва оид ба ҷамъбасти он монография омода карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки монографияи мазкур бо забони давлатӣ ва бо забони русӣ чоп шудааст. Монография имконият медиҳад, ки муаммои омӯхта шуда ба таври васеъ дарк карда шуда, роҳҳои гуногуни ҳалли он барраси карда шавад.
Инчунин, ин монография барои аспирантон, магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон ва донишчӯён, ки бо омӯзиши кристалли моеъ машғуланд манфияти калон дорад.
Бояд қайд кард, ки мувофиқи нақшаи кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ барои солҳои 2021-2025 бо роҳбарии н.и.т. Ҳоҷиев С.К. дар мавзӯи “Таҳлили химиявӣ ва усулҳои тоза кардани обҳои партовии корҳонаҳои саноатии вилояти Суғд” корҳои илмию-тадқиқотии навбатӣ роҳандозӣ карда мешавад.
- Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ
Се соли охир дар кафедра ду рисолаи номзади ҳимоя карда шудааст. Соли 2018 аз ҷониби сармуаллими кафедра Ҳочиев С.К. рисолаи номзади дар мавзӯи “Асосҳои физико-химиявӣ ва технологии коркарди маъданҳои урандори Тоҷикистони Марказӣ” ҳимоя карда шудааст. Оиди кори илмӣ-тадқиқоти 2 ихтироот (патент) гирифта шудааст.
Инчунин, соли 2019 аз ҷониби Сулейманова Н.А. рисолаи номзади ҳимоя гардид, ки натиҷаҳои тадқикотии илмиаш дар самти бартарафкунии гармии газҳои иҳроҷи коркарди партовҳои истеҳсоли алюминий, ки дар Пажуҳишгоҳи саноатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми коркарди технологияи нерую ашёзаҳиракунандаи бартарафкунии гармӣ ва партови истеҳсоли алюминий ва Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, дар раванди таълим ҳангоми омода намудани мутахассисони муҳандисии зинаи бакалавр ва магистр мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
- Кор бо ҷавонони фаъол. Дар кафедра ду маҳфил “Илм ва ҳаёт” “Химикони ҷавон” фаъолият мекунад, ки аъзоёни он донишҷӯёни бахшҳои 1-2 зинаи бакалаври донишкада мебошанд. Онхо бо роҳбарии илмии худ дар озмоишгоҳҳои кафедра корҳои илмӣ-тадқиқоти мебаранд. Ин донишҷӯён дар конфронсҳои дохили донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналҳалқи иштирок ва оид ба корҳои илмиашон баромад мекунанд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён дар маводҳои конфронсҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ чоп карда мешавад. Бояд қайд кард, ки бо роҳбарии омӯзгорони кафедра ҳамасола донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкард меварзанд.
- Нахустин иштироккунандагон ва ғолибони ин олимпиадаҳо инҳо мебошанд:
-донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 420101-0104-металлургияи металлҳои ранга Наҷмиддинов А. Бо роҳбарии омӯзгори калони кафедра Ғафоров С.Ҷ. аз фанни химия дар олимпиадаи ҷумҳуриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол карда бо дипломи дараҷаи сеюми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид (соли 2014).
– бо роҳбарии омӯзгори калони кафедра Ҳоҷиев С.К. донишҷуи курси 2-юми ихтисоси 430103-01-таъминоти барқ дар корҳонаҳои саноатӣ Боқизода Д. дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Академия” ҷои дуюмро ишғол карда бо дипломи дараҷи дуюми Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд (2015с.)
Корҳои таълимӣ-методӣ
Дар кафедра аз рӯи ихтисоси 480101-технологияи химиявии моддаҳои гайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот донишҷӯён дар зиннаи бакалавр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар кафедра барои омода кардани мутахассисони бакалаври ин ихтисос стандарти давлатӣ, барномаи таълимӣ ва комплекси таълими методӣ аз фанни химияи умумӣ ва фанҳои тахассусӣ омода карда шудааст. Дар солҳои оҳир аз тарафи омӯзгорони кафедра китобҳои дарсӣ, комплекси таълими методӣ ва дигар маводҳои таълимию методӣ омода карда шудааст.
Маҷмуи фанҳои таълимӣ дар зинаи бакалавр:
-физика
-химияи умумӣ
-муқадимаи ихтисос
– химияи аналитикӣ
-химияи ҳайриорганикӣ
– химияи физики ва коллоидӣ
– равандҳо ва таҷҳизотҳои технологияи химиявӣ
-асосҳои назариявии технологияи пайвастагиҳои ғайриорганикӣ
-идоракунию автоматикакунонии раванди технологӣ
-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ
-технологияи кислотаҳои минералӣ
-энергетикаи технологияи истеҳсолоти химиявӣ
-технологияи синтези моддаҳои ғайриорганикӣ ва ғайра
Ҳамкории илми ва амалии кафедра
Дар кафедра бо ҶСК “Комбинати металлҳои нодири Ленинобод”, ҶДММКМ “ Зарафшон”, ҶММТАКМ “Анзоб”, ҶМТКММ “Апрелевка”, ДММ “Нукрафон” ҳамкори дар соҳаи илму истеҳсолот ба роҳ монда шудааст. Инчунин кафедра бо институти химия ба номи В.Никитин Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори илмиро роҳандоза кардааст.
Дар кафедра ҳамасола конфронсҳою семинарҳои илмӣ гузаронида мешавад, ки дар онҳо на танҳо олимони ДКМТ балки олимону мутахассисон ва донишчӯёни мактабҳои олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок мекунанд.
Хайати кафедраи фанҳои табии-илмӣ
№ |
Ному насаб |
вазифа |
1. |
Сулейманова Назокатхон Абдусатторовна |
Мудири кафедра, н.и.т. |
2. |
Акрамова Музайяна Маъмуровна |
И.в.профессор |
3. |
Фозилова Мавчуда Фозиловна |
Н.и.химия, дотсент |
4. |
Козиев Камолудин Сангинович |
Н.и.физ-мат, дотсент (муштараквазифа) |
5. |
Эгамов Мухтор Хасанович |
Н.и.физ-мат, дотсент (муштараквазифа) |
6. |
Хоҷиев Саидмукбил Косимович |
Н.и.т. (муштараквазифа) |
7. |
Гафоров Содирҷон Ҷалилович |
Омӯзгори калон |
8. |
Мирхоликова Махина Абдунабиевна |
Омӯзгори калон |
9. |
Хуччатов Абдулазиз |
Омӯзгори калон |
10. |
Холбоев Рафикҷон Яхёевич |
Омӯзгори калон (муштараквазифа) |
11. |
Раҷабова Шафоат Ғафуровна |
ассистент |
12. |
Толибшоева Султонбахт Одинабековна |
Лаборанти калон |
13. |
Партовиева Дилшод |
лаборант |
14. |
Негматова Мухарам |
лаборант |