ФАЗЛУ ҲУНАР ЧУ ҲАСТ, ЧӢ ҲОҶАТ БА МАКРУ ШАЙД

Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.

Илова бар ин экстримизми сиёсӣ  Озодаандешони зери ниќоби ислом бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиш таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем.

Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст.

 Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад.

Гурӯҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд.

Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд.

Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.

Яъне ифротгароӣ аз рӯйи мазмун динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ шуда метавонад.

Нигоҳи ифротгароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад.

. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид..

Аз лиҳози таҷрибавӣ терроризм оқибатҳои харобиовар дорад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст.

Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад.

Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Ба андешаи ман, танҳо фазлу ҳунар аз қайди макру шайд бароварда метавонад.

                            Зариф Тошматов, омузгори ДКМТ