Дар марҳилаи сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба арсаи сиёсат ворид мешаванд, то дар набардҳои мухталифи сиёсӣ комёб гарданд. Ба ҳамин хотир аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд.
Шарофидин Гадоев аз ҷумлаи тоҷиронест ки дар Тоҷикистон ба камол расид. Сармояи зиёдро соҳиб шуд. Тоифае аз соҳибкорон чунин одат доранд, ки чун ҳамён ғафс шуд, ба курсии мансаб даст дароз мекунанд. Хуб агар дар сиёсат муваффақ гарданду ғами халқро хуранд беҳ, аммо чун ғаразҳои шахсӣ боло мегирад, дурӣ аз чунин сиёсатмадор мувофиқи мақсад аст.
Дар партаи донишҷуӣ нишаста донишҷуёни мо асрори сарватҳои зеризаминӣ ба мисолу нафту газ ва истихроҷи конҳои маъданиро меомузанд. Онҳо ташнаи илму маърифат мебошанд ва дур аз муҳорибаҳои сиёсӣ ҳастанд.
Аммо тоифаи тундгаро мехоҳад ба доми худ ин ҷавононро бикашад, ки ҳаргиз ба маақсадҳои ғаразноки худ даст ёфта наметавонад. Айёми бенизомиҳо гузашт. Мо имруз Президент ва Консититутсияи худро дорем. Мо соҳибватан ҳастем. Касе моро фиреб намедиҳад.
Бигузор сиёсатмадороне чун Шарофи Гадо лақидан гирад ва ҳарзахонӣ кунад, аммо Ватани худро нуфузи миллати худро дар арсаи ҷаҳон поймол насозад. Марди мардон мебуд, дар сарзамини худ гули тиҷорат мешукофонд, ба кишвар сармояе ворид намуда ҷавононро аз фарҳанги техникӣ баҳравар менамуд.
Мо аз сояи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакати худ баҳраёб шуда, то вопасин лаҳзаи умр обу хоки ин Ватанро қадрдонӣ мекунем. Зеро Ватан яктост-Тоҷикистон яктост!
Эҳсони Юсуф,
магистранти ДКМТ