Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнро анҷом додаанд, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми ноябри соли 2018, №563 «Оид ба тасдиқ намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» озмун эълон менамояд.
Аз ин лиҳоз ҳуҷҷатҳои довталабон тибқи талаботҳои Низомномаи озмуни мазкур (замима мегардад) аз санаи 10-уми феврал то 6-уми май соли 2019 қабул карда мешавад.
Низомномаи озмуни мазкур замима мегардад…