ҲАР КӢ ЛОФ АЗ ЗӮРИ БОЗУ МЕЗАНАД…

Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат «МИЛЛАТ БОЯД ЗЕРИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУТТАҲИД ШАВАД!»

Ба андешаи мо, аҳли зиё муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат басо саривақтӣ ва муҳим мебошад. Чунки ӯ авзои мусулмонони оламро ба риштаи таҳлил кашидааст: “Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месӯзад, назар намуда, аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва Китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ намудааст”.

Фазои мамлакатро имрӯз корҳои созандагию ободкорӣ фаро гирифтааст. Ҳар як шаҳрванди мамлакат ба умеди афрӯхтани шӯълаи зиндагӣ талош мекунад ва дар таҳкими Истиқлолият саҳмгузорӣ дорад. Муттаҳидии одамон эҳсос мешавад, маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи муътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳо, фарҳанг ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиди назар намоянд. Маҳз, арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намоянд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст, асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд.  Ислом ва бузургии ӯ дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои Истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қитол, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири кадом як манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.

Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.”

Зимнан, гиромидошти дини мубини ислом дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шуддаст, ки гувоҳи ин таҷлили ду иди мусулмонӣ Рамазон ва Қурбон бо рӯзи истироҳат мебошад. Давлат бо назардошти он ки аксари сокинонаш пайрави дини мубини исломанд, барояшон барои тоату ибодат дари масҷидҳоро дар дурдасттарин деҳаҳои куҳистон низ во намуд. Дар пойтахти мамлакат Донишкадаи исломӣ аҳкоми шариатро таълим медиҳад. Ҳамчунин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷид дар Осиёи марказӣ барои ибодати мардум сохта шуда истодааст.

Дини исломро чун силоҳи зидди арзишҳои миллӣ истифода бурдан камоли бемаърифатӣ нисбат ба Ватани худ мебошад. Тухми тарс пошидан ба қалби мардум ба зӯрии бозуи худ аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористӣ ба сари худ санг задан аст. Шоири машҳури форсизабони Ҳиндустон Фонии Кашмирӣ мефармояд:

Ҳар кӣ лоф аз зӯри бозу мезанад,

Санг бар сар чун тарозу мезанад.

Аз ин хотир, асоро ба рӯшноӣ зада, маърифати сиёсиро бояд такмил дод. Дар чорроҳаи ҳангомасозӣ аз пайравони наҳзати исломӣ бояд зиракиро аз даст надод. Хоса, ходимони дин, ки аксар мусулмонон ба онҳо эътиқоди комил доранд ва дар маъракаҳо болонишин мекунанд.

Таъкид менамоям, ки вусъати андешаи миллӣ ва гиромидошти рӯҳи бузургони миллат боиси саодати рӯзгор мешавад, ки асосашро садоқат ба Ватан ташкил медиҳад.

Мо, ҳамаи табақаҳои ҷомеа кӯшиш ба он равона созем, ки дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллиро пос дошта, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, дур шудан аз фарҳанги бегона ва пешгирии онҳо ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тарбия намоем.

Мухтор ФОЗИЛЗОДА,
ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон