Кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ

Мудири кафедра: н.и.п. Юсупов Саид-Акрамхоҷа Муминович

E-mail: saudakramyusupov@mail.ru

АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ 5 сентябри соли 2009 дар асоси Оинномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Қарори №1 Шӯрои олимони Донишкада дар сохтори факултети корҳои кӯҳӣ кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ таъсис дода шудааст.

Кафедра фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пеш мебарад. Яке аз вазифаҳои асосии кафедра ташкили ҷараёни таълим аз фанҳои геометрияи тасвирӣ, графикаи муҳандисӣ компутерӣ ва фанҳои тахассусии ихтисосҳои корҳои маркшейдерӣ, сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо мебошад.

Аввалин мудири кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҷалолов А. Ф. таъин шуда буд. Дар он вақт дар кафедра ҳамагӣ чор нафар омӯзгорон фаъолият мебурданд, ки аз онҳо се нафар номзади илм, дотсентон ва як нафар сармуаллим буданд.

Айни ҳол, дар кафедра се нафар номзадҳои илм, дотсентон Ёқубов Соҳибҷон, Ҷалолов Амирҷон Фахриддинович ва номзади илмҳои педагогӣ Юсупов Саид-Акрамхоҷа Муминович, се нафар муаллимони калон Тоҳиров Абдулатиф Сиддиқович, Ҷумъаев Абдуҳаким Раҳмонович, Боев Муродбек Бекмаҳмадович, ду нафар ассистентон Шарипов Хуршед Ҳакимович, Бойматов Довар Эсанбоевич ва лаборант Бобоҷонова Мусабия Хайруллоевна фаъолият менамоянд.

Кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдериро аз рӯзи таъсисёбӣ Ҷалолов А.Ф. (2009 – 2012), Ёқубов С. (2012 – 2014), Ниёзов А.М. (2014 – 2015), Ҷураев М.К. (2016), Ёқубов С. (2017-2021), роҳбарӣ намуда, дар айни ҳол, н.и.п. Юсупов С.М. аз моҳи августи соли 2021 ба кафедра сарварӣ менамояд.

САМТҲОИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН – ИХТИСОСҲО

Баробари таъсисёбӣ кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ ба сохтори факултети корҳои кӯҳӣ вобаста карда шудааст. Кафедра аз рӯи ду ихтисосҳои 510201 – корҳои маркшейдерӣ ва 700201-06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, 560102 – кадастрӣ замин мутахассисонро тайёр менамояд.

Мутахассисоне, ки дар ихтисоси 510201 – корҳои маркшейдерӣ таҳсил мекунанд, оид ба асосҳои меъёрӣ – ҳуқуқии таъмини истифодабарии қаъри замин, тарз ва воситаи ченкунии маркшейдерӣ, таҳлил ва коркарди натиҷаҳои ченкунӣ, сохтани шабакаҳои такягоҳӣ ва нақшабардорӣ, таҷҳизотҳои оптикӣ, электронӣ ва лазерӣ барои ченкунии маркшейдерӣ, гузаронидани нақшабардории топографӣ, тартиб додани нақшаи топографии маҳалли кон, иҷроиши корҳои маркшейдерӣ ҳангоми аз рӯи лоиҳа дар маҳал, нишондиҳии элементҳои геометрии лоиҳа, назорати маркшейдерии иҷроиши корҳои аз рӯи лоиҳа дар асл гузорӣ, нақшабардории сатҳи заминии майдони конҳо, гузаронидани нишонаҳои рӯизаминӣ ба нақбҳои зеризаминӣ, тартиб додани шабакаҳои зеризаминӣ, тарзу усулҳои нақшабардории маркшейдерии нақбу гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва зинаю девораҳои конҳои кушод, таъмини корҳои пармаю тарқонишӣ бо хизмати маркшейдерӣ, амалиётҳои маркшейдерӣ ҳангоми гузаронидани нақбҳҳои боҳамвохуранда, мавқеъмуайянкунии нақбҳҳои зеризаминӣ дар ҳамвории амудӣ ва уфуқӣ, таъмини ҳифзи маркшейдерии қаърӣ замин ва бехатарии экологӣ дар давраи истифодабарии қаъри замин, назорати маркшейдерии лағжиши ҷинсҳои куҳӣ ва сатҳи замин дар зери таъсири корҳои кӯҳӣ, давомнокӣ ва суръати раванди лағжиш, омилҳои ба хусусияти раванди лағзиш таъсиркунанда, тарзҳои омӯзиши раванди лағзиш, назорати ярчҳо ва устувории зинаҳо ва девораҳо, амалиётҳои маркшейдерӣ ҳангоми муайянкуни ҳаҷми кандани қабати хок ва истихроҷӣ канданиҳои фоиданок, амалиётҳои маркшейдерӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ – техникӣ дар гузаронидани нақбҳои зеризаминӣ, коркарди математикӣ ва компютерии натиҷаҳои амалиётҳои маркшейдерӣ дар корҳои камералӣ, тартиб додани нақшаҳои графикӣ бо барномаҳои муҳандисии компютериро иҷро менамоянд.

Мутахассисоне, ки дар ихтисоси 700201-06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо таҳсил мекунанд, оид ба интихоб кардани технологияи оқилонаи сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ ва технологияи гузаронидани нақбҳҳои кӯҳӣ инчунин тартибдодани нақшаҳои технологи барои ҳолатҳои муқарарӣ ва ҳолатҳои мураккаби гидрогеологӣ, муайяннамудани ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва назорати ҷорӣ кардани ба сифати иҷроиши он, ташкил кардани корҳои комплексӣ ба таъмири конҳо, азнавбарқарор кардани  гузаргоҳҳои кӯҳӣ ва биною иншооти кӯҳӣ – техникии рӯи заминӣ, интихоб кардани масолеҳҳо ва муайяннамудани параметри мустаҳкамкуниҳои нақбҳҳои кӯҳӣ ва бинову иншоотҳои кӯҳӣ – техникии рӯи замин интихоб кардани масолеҳҳо ва муайяннамудани бузургиҳои сутуну тиргакҳои гузаргоҳи кӯҳӣ, муайннамудани бузургӣ мувофиқи технологияи гузаронидани гузаргоҳи кӯҳӣ, ба амал овардани ҳисобҳои конструктивӣ, ташкили сохтани биноҳо ва иншоотҳои кӯҳӣ – техникии ба сатҳи корхонаҳои кӯҳӣ ба уҳда доранд.

Мутахассисоне, ки дар ихтисоси 560102 – Кадастри замин системаи бақайдгирии замин мебошад, ки дорои маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, сарҳад, истифода ва дигар хусусиятҳои замин мебошад. Он дар идоракунии замин, муайян кардани ҳуқуқи моликият ва пардохти андозҳо кӯмак мекунад. Дар аксари кишварҳо, феҳристи замин ҷамъиятӣ аст ва маълумот аз он метавонад барои мақсадҳои гуногун, аз ҷумла банақшагирӣ, сохтмон ва таҳқиқоти экосистема истифода шавад.

Кадастри замин системаи бақайдгирӣ мебошад, ки бақайдгирӣ ва нигоҳдории маълумотро дар бораи қитъаҳои замин таъмин менамояд, ки онҳо дар зер нишон дода шудааст:

  1. Ҳуқуқи моликият – маълумот дар бораи моликон ва ҳуқуқи онҳо ба замин.
  2. Сарҳадҳои қитъа — координатаҳои аниқ ва тавсифи сарҳадҳо.
  3. Мақсад – маълумот дар бораи чӣ гуна истифода бурдани замин (барои истиқоматӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва ғ.).
  4. Ҳолати экологӣ – маълумот дар бораи ҳолати хок, наботот ва дигар захираҳои табиӣ.

Кадастр дар идоракунии замин кумак мерасонад, муомилоти заминро осон мекунад ва ҳифзи ҳуқуқи моликиятро таъмин мекунад.

Муҳандис заминсоз мутахассисест, ки бо масъалаҳои бақайдгирии кадастр ва идоракунии замин машғул аст. Фаъолияти асосии он иборат аз:

  1. Ченкунӣ ва топографӣ – гузаронидани корҳои геодезӣ оид ба муайян намудани сарҳадҳои қитъаҳои замин.
  2. Таҳияи ҳуҷҷатҳо – тартиб додани диаграммаҳо, нақшаҳо ва ҳисоботҳо, ки барои бақайдгирии ҳуқуқии замин заруранд.
  3. Машварат – расонидани кумак ба моликон ва харидорони эҳтимолии қитъаҳои замин оид ба масъалаҳои бақайдгирӣ ва истифодаи замин.
  4. Кор бо мақомоти давлатӣ – ҳамкорӣ бо хадамоти кадастрӣ оид ба бақайдгирии тағйирот дар кадастри замин.

Муҳандиси кадастр бояд маълумоти махсус дошта бошад хайр аз ин аксар вақт барои пешбурди фаъолияти касбӣ ӯ иҷозатнома талаб мекунад.

МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТМКАРДАҲО

Кафедра доир ба тайёр намудани мутахассис ва бакалавр аз рӯи ихтисосҳои 700201-06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо ва 510201 – корҳои маркшейдери дар солҳои таҳсили 2011-2012 – 9 нафар, 2012-2013 – 7 нафар, 2013-2014 – 10 нафар, 2014-2015 – 9 нафар 2015-2016 – 9 нафар ва 2017-2018 – 13 нафар, 2020-2021 9 – нафар, 2021-2022 8 – нафар ва аз рӯи ихтисоси 510201 – корҳои маркшейдерӣ дар соли таҳсили 2011-2012 – 18 нафар, 2012-2013 – 26 нафар, 2013-2014 – 15 нафар, 2014-2015 – 23 нафар 2015-2016 – 32 нафар, 2017-2018 – 32 нафар, 2018-2019 – 25 нафар мутахассис, 20 – нафар бакалавр ва 2019-2020 – 2 нафар мутахассис 28 нафар бакалавр, 2020-2021 – 1 нафар мутахассис, 33 нафар бакалавр, 2021-2022 – 22 нафар бакалавр, 2022-2023 – 16 нафар бакалавр 2023-2024 23 – нафар бакалавр саҳми худро гузоштааст.

БАЗАИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

Соли таҳсили 2016-2017 бо дастгирии Раёсати донишкада таҷҳизотҳои муосири геодезӣ – маркшейдерӣ барои озмоишгоҳ харидорӣ карда шуд, ки машғулиятҳои амалӣ – озмоишии фанҳои тахасусӣ дар инҷо ба роҳ монда шудааст.

Дар назди кафедра се синфхонаи компутерӣ барои машғулиятҳои амалии фанни графикаи муҳандисӣ ва компутерӣ бо компутерҳои замонавӣ муҷаҳаз карда шудааст.

Дар кабинети методӣ бошад адабиётҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ аз ихтисосҳои сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, ҳамчунин корҳои маркшейдерӣ гирд оварда шудааст, ки донишҷӯён ва омӯзгорон дар вақти зарурӣ метавонанд истифода намоянд.

КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Аъзоёни кафедра аз рӯи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии тасдиқ гардида, фаъолияти илмии худро ба роҳ мондаанд. Аз рӯи самти аввал таҳти унвони «Баланд бардоштани сифати таълими фанҳои умумитехникӣ (геометрияи тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ)» 4 нафар устодон Ёқубов С., Ҷалолов А.Ф., Юсупов С.М., Боев М фаъолияти илмӣ бурда истодаанд, ки онҳо дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии самаранокгардонидани таълими фанни графикаи муҳандисӣ ва компутерӣ дар таҳсилоти муҳандисӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ мондаанд. Аз рӯи самти дуюм «Тайёр кардани муҳандисони соҳаи кӯҳкорӣ дар шароити муосир» 3 нафар муаллимони кафедра Тоҳиров А.С., Шарипов Х.Ҳ. ва Бойматов Д.Э. дар мавзӯи «Асосҳои инноватсионии таълими фанҳои геодезия ва маркшейдерия» ва 3 нафар муаллими кафедра Исматов Ш.Р., Ҷумъаев А.Р., ва Раҳимов Ҷ.Ҷ. дар мавзӯи «Сохти нави мустаҳкамкунӣ ва хусусиятҳои геометрии қолаббандии он дар нақбҳо» корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебаранд, ки таҳлилҳо ва натиҷабардории корҳои илмии онҳо барои беҳтар гардидани сатҳи дониши мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои 700201-06 «Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо» ва ихтисоси 510201 «Корҳои маркшейдерӣ» равона карда шудааст.

Кафедра ҷиҳати иҷрои омодасозии кадрҳои илмии ҷумҳуриявӣ ҳамкории устодони кафедра бо Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, мудири кафедра Юсупов С.М. бо роҳбарии дотсент Ёқубов С. корҳои илмӣ тадқиқотиашро дар Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳ диссертатсияи номзадии хешро дифоъ намуда, аз тарафи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори дараҷаи илимии номзади илмҳои педагогӣ гардид Ҳамчунин кори илми тадқиқотии муаллими калони кафедра Боев М.Б. дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон омода гардида, 25 майи соли 2024 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии назди МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ҳимоя шудааст.

Дар давоми фаъолияти кафедра аз ҷониби устодон дар асоси корҳои илмӣ тадқиқотие, ки онҳо гузарониданд 1 – нахуст патент бо номи “Тарзи ҳосил намудани қувваи барқ аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ дар чоҳҳои шахтавӣ”, 150 номгӯй мақолаҳои илмиро ба табъ расониданд, ки 7 номгӯи мақолаҳое мебошанд, ки дар нашрияҳои тақризии бонуфузи тавсияшудаи КОА-и Вазорати маориф ва илми ФР ва ҶТ ба табъ расонидаанд, инчунин 4 мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар чоп шудааст.

ЧОРАБИНИҲОИ КАФЕДРА

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён “Маркшейдерони ҷавон” фаъол аст, ки тибқи нақша ҳар моҳ як маротиба гузаронида шуда, натиҷаи он тариқи расонаҳои иттилоотӣ инъикос мегарданд. Дар ин маҳфил зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни болаёқат ҷалб гардидаанд ва муаммоҳои мавҷудаи соҳаро бо нигоҳи тоза мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

ҲАМКОРОНИ КАФЕДРА ДАР ТАҶРИБАОМӮЗИҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

Робитаҳои кафедра бо истеҳсолот ва муассисаҳои илмӣ-таълимии берунӣ. Кафедра ба ҳамаи кафедраҳои Донишкада, бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ба номи академик М.С. Осимӣ робита дорад.

Кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ оид ба самаранокгардонии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бо корхонаҳои саноатии ҶСШК «Ангишт» ва КФД «Суғдзаминсоз» филиали кафедра мавҷуд мебошад, ҶСК КМ «Анзоб», ҶСК ГОК «Адрасмон», КМ «Зарафшон» КМТК «Апрелевка» ҶСК «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм ҳамкориҳо ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзии таълимӣ ва бо мақсади густариш бахшидани ҳамкории байни донишкада ва корхонаҳои саноатӣ, зичтар намудани алоқаи раванди таълими бо истеҳсолот дар назди КФД «Суғдзаминсоз» ва ҶСШК «Ангишт» филиали кафедра таъсис дода шуд.

ДАСТОВАРДҲОИ УСТОДОНИ КАФЕДРА

  1. Ниёзов А.М., Қозиев К.С. «Қоидаҳои мураттабсозии ҳуҷҷатҳои матнӣ ва графикии лоиҳаҳои курсӣ ва дипломӣ» – Чкалов, 2014с.
  2. Юсупов С.М., Боев М.Б. «Дастур оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз графикаи муҳандисӣ» (бо истифодабарии барномаи Kомпас 3D) – Чкалов, 2014с.
  3. Тоҳиров А.С. Дастури таълимӣ аз фанни Асосҳои геодезия ва корҳои маркшейдерӣ. ш. Хуҷанд: Меъроҷ. 2015 – 132саҳифа.
  4. Тоҳиров А.С., Расулов Х.Э. Дастури таълимӣ аз фанни Асбобҳои муосири геодезӣ – маркшейдерӣ. ш. Хуҷанд: Меъроҷ. 2017 – 116саҳифа.
  5. Ёқубов С., Ҷалолов А.Ф., Юсупов С.М., Боев М.Б. Нақшакаши муҳандисӣ – компутерӣ. ш. Хуҷанд: – С.И. Файзибоев М.М. “Меъроҷ” 2019 – 136саҳифа.
  6. Шарипов Х.Ҳ., Боев М.Б. Дастури методӣ «Мафҳумҳои геодезӣ». Барои ихтисосҳои равияи корҳои кӯҳӣ ш. Хуҷанд: Меъроҷ. 2021 – 64саҳ.
  7. Юсупов С.М., Ёқубов С., Ҷалолов А.Ф., Боев М.Б. «Формирование графической культуры студентов высших технических учебных заведений посредством графических дисциплин» Монографияи гурӯҳи Бӯстон 2021 – 132стр.

Ба нашр расонида, ки бори аввал бо забони тоҷикӣ таҳия гардида барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, барои омӯзиши донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ хело муфид мебошад.

Ҳамчунин, аз тарафи устодони кафедра бори аввал дар таърихи донишкада дар кафедра семинари илмӣ-амалӣ бо номи “Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таҳсилоти муҳандисӣ”, санаи 22.06.2014с. бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Санаи 3 декабри соли 2016 бахшида ба 45 солагии фаъолияти илмӣ-педагогь ва 70 – солагии н.и.т., дотсент Ҷалолов А.Ф. семинари илмӣ-амалӣ бо номи “Технологияҳои нави инноватсионии педагогӣ дар таҳсилоти муҳандисӣ” низ аз тарафи кафедра гузаронида шуд. Инчунин аз рӯи нақша чорабиноҳои шуъбаи илм ва кафеда Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои соҳаҳои металлургия, сохтмон, корҳои маркшейдерӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар замони муосир” санаи 1 уми декабри соли 2018, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Муаммоҳои геологӣ ва маркшейдерӣ дар коркарди канданиҳои фоиданок бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» 25 – уми январи соли 2020, конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳамгироии фанҳои геометро – графикӣ, дақиқ ва техникӣ дар омодасозии муҳандисон” санаи 23 – юми январи соли 2021 ташкил ва баргузор намуда, фишудаи мақолаҳоро низ ба шакли китоб чоп намудааст. Устодони кафедра дар конференсияҳои байналмилалӣ 20 маротиба, конференсияҳои ҷумҳуриявӣ 50 маротиба ва дар семинари илми – методӣ ҷумҳуриявӣ 100 маротиба баромад намуданд.

МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТМКУНАНДАГОНЕ, КИ ДАР МУАССИСАҲОИ САНОАТИ КӮҲИИҶУМҲУРӢ ФАЪОЛИЯТ БУРДА ИСТОДАНД

  1. Ҳасанов Муҳаммадризо – сармуҳандиси шахтаи №8 ҶШСК “Ангишт” – и Шӯроб хатмкунандаи ихтисоси 700201-06
  2. Шомирзод Усмон – сардори шуъбаи маркшейдерии ҶМТКММ “Апрелевка” хатмкунандаи ихтисоси 510201
  3. Ҳотамов Умедшейх – сардори минтақаи Баҳори ҶМТКММ “Апрелевка” хатмкунандаи ихтисоси 510201
  4. Ӯрунов Саиднасим – сардори шӯъбаи геодезӣ, топографӣ ва харитасозии КВД аэрогеодезии Суғд, хатмкунандаи ихтисоси 700201-06
  5. Раҳимов Ҷасур – муовини декан оид ба таълими факултети корҳои кӯҳии ДКМТ хатмкунандаи ихтисоси 700201-06
  6. Бойматов Довар – омӯзгори кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ хатмкунандаи ихтисоси 510201
  7. Шарипов Хуршед – омӯзгори кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ, хатмкунандаи ихтисоси 510201