ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД, ОН КОРИ ДИГАР МЕКУНАНД….

 Руи кор омадан дар сомонаи «Паём», «Ахбор ком» зиёд изҳоротҳои “Паймони миллӣ” ба табъ мерасанд, ки  онҳо бо истифода аз ин “минбари роз”-и худ аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон дар ҳаққи нафарони роҳбарони ҳизби мухолиф ҳукми ноодилона бароварда, қисме аз онҳоро ба ҳабси абад фиристодаанд.

Бояд эътироф намуд, ки дар сафи аъзоёни собиқ ҲНИ “воизон” “сухангустарон”ғи моҳир хеле зиёд буданд ва онҳо абёти машҳури Ҳофизи Шерозӣ

 

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

 

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд-ро

 

 сармашқи кори худ қарор дода, солҳои сол мабағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарфи хонаву дар ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

 

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли рафта парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сирия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

 

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем. Ҳукми суди олӣ дар доираи талаботҳои қонун сурат гирифта истодааст. Ва онҳое ки мақсади аз байн бурдани миллати худро доштанд бояд сазовор ҳукм гиранд, то ба дигарон дарси ибрат шавад ва аз мақсадҳои ғаразноки худ даст кашанд. Зиёиёни кишвар, хосса онҳое, ки миллаташонро бо ҷону дил дӯст медоранд, ҳукми Суди Олиро одилона ва воқеъбинона баҳо додаанд ва мо низ ба чунин  ақида розием. Гунаҳкор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. 

 Ин талаботи қонун аст

Нозири Нурмат, устоди ДКМТ