Сардори шуъба: Розиқов Абдусамад
Таҳсил: Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
Тел: +99292 7027141
E-MAIL: rozikov-888@mail.ru
Суроғаи корӣ: бинои 2, утоқи №13
Мутахассиси шуъба: Мамадқулова Раъно Олимовна
Таҳсил:Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
Тел: +992927060085
E-MAIL: ranomamadkulova@gmail.com.
Суроғаи корӣ: бинои 2, утоқи №13
Шуъбаи аспирантура ва магистратура яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии донишкада маҳсуб ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва дар роҳи ноил гардидан ба тақвими пойгоҳи илм аз ҳисоби мутахассисони дохил ва берун аз донишкада фаъолият менамояд.
Ҳадафи асосии шуъбаи аспирантура ва магистратура ин интихоби мавзуъҳои актуалӣ ва проблемавӣ барои муҳаққиқони ҷавон буда, бо ин васила зиёд кардани сафи олимони донишкадаро аз ҳисоби ҷалби мутахассисон ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ тавассути аспирантура, унвонҷўӣ ва докторантура (аз рӯи ихтисос PhD) ҳадафи худ қарор додааст..
1) Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи унвонҷуйӣ
Шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазири Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.2013с. №2615 ба Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимии унвонҷуйӣ аз рӯи ихтисосҳои:
02.00.04.- «Химияи физикавӣ»,
05.16.01.- «Металлшиносӣ ва коркарди ҳароратии металлҳо»,
05.16.02.- «Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир»,
05.16.07.- «Металлургияи захираҳои техногенӣ ва коркарди маротиби дуюм»,
08.00.05.- «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ аз рӯи соҳаҳо ва самтҳои фаъолият, аз ҷумла: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (саноат), иқтисодиёти истифодабарии табиат, илмҳои иқтисодӣ»,
25.00.22.- «Геотехнология (корҳои зеризаминӣ, корҳои кушоди куҳӣ ва сохтмонӣ»,
25.00.13.- «Бойгардонии канданиҳои фоиданок»,
05.14.00.-«Энергетика»
05.01.01.-«Геометрияи муҳандисӣ ва графикаи компутерӣ»
ба муҳлати дар иҷозатномаи АУ №0000969 зикр гардида, иҷозат дода шуд.
2) Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи магистратура
Дар Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.12.2016с. № 4859, тибқи Иҷозатномаи АУ №0002202 фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти аспирантура ва магистратура ба роҳ монда шудааст.
Тибқи фармоиш ва Иҷозатномаи дар боло зикргардида, фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
510201-Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок;
420101-0104-Металлургияи металлҳои ранга;
510202-Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;
430103-01.-Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ;
360101- Технологияи мошинсозӣ;
250201 – Иқтисодиёти таҳлилӣ;
330101-05 – Экология
НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА МАГИСТРАТУРА ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:
– ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисос;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи дипломи бакалавр;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– Хислатнома;
– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар
ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо
тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;
– 6 расми андозаи 3х4.
3) Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)
Дар донишкада фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз рӯи чунин ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст:
6D091100 – Геоэкология ва идоракунии истифодабари табиат;
6D070700 – Кӯҳкорӣ;
6D070900 – Металлургия;
6D090900 – Логистикаи соҳа;
6D090900 – Геология ва ҷустуҷӯи конҳои канданиҳои фоиданок
6D090900 – Корҳои нафту газ
НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:
– ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисос;
– нусхаи шиноснома;
– анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
– нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва
баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ
карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
– сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,
дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
– мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар
ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо
тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
– асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар
мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;
– 6 расми андозаи 3х4.
Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.
Имтиҳон аз рӯи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.