Ихтисосҳо

Ихтисосҳои факултети корҳои куҳӣ

Ихтисосҳои факултети корҳои куҳӣ вобаста ба кафедраҳо
Кафедраи геология ва коркарди нафту газ
510101 – Геология ва иктишофи конҳо (рӯзона)
510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ (рӯзона, ғоибона)
510201-04 – Пармакунии чоҳҳо
Кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ
510201 – Корҳои маркшейдерӣ (рӯзона)
700201-06 – Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ (рӯзона)
Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок
510201 – 01 – Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Корҳои кушоди куҳӣ» (рӯзона)
510201 – 02 – Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Корҳои зеризаминии куҳӣ» (рӯзона, ғоибона)
510201 – 03 – Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Тоза кардани канданиҳои фоиданок» (рӯзона)
510201 – 04 – Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Корҳои пармакунӣ» (рӯзона)
Тавсифи касбии ихтисосҳо
Муҳандиси куҳӣ аз рӯи ихтисосҳои 1-510201- Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои
зеризаминии куҳӣ, корҳои кушоди куҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок) барои ҳалли масъалаҳои
зерин омода карда мешавад: амалигардонии роҳбарии техникии корҳои куҳӣ ва таркониш, яъне
бевосита идора намудани ҷараёнҳои технологӣ дар объектҳои истеҳсолӣ, аз он ҷумла, таҳия,
ҳамоҳангсозӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ, методӣ ва ғайра, ки тартиби иҷрои корҳои куҳиро ба
низом медароранд; назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои техникӣ барои иҷрои корҳо, меъёрҳои
амалкунанда, қоидаҳо, стандартҳо ва коркарди натиҷаҳои дастрасшуда бо истифодаи технологияҳои
муосир; иҷро намудани баҳодиҳии техникиву иқтисодии конҳо, интихоби параметрҳои асосии
корхонаи куҳӣ; таҳияи нақшаи тақвимӣ, системаи истихроҷ, технология ва механиконии маҷмӯии
корҳо, асоснок намудани бехатарии техникӣ ва экологии корҳои куҳӣ.
Муҳандис – геолог аз рӯи ихтисоси 510101-Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ҳалли
масъалаҳои асосии корҳои иктишофии конҳои канданиҳои фоиданок, балоиҳагирӣ ва омӯзиши конҳо,
ҳисоби захираҳо, таҳлил намудани шароити куҳӣ – геологӣ ва геологӣ – техникии конҳо, гуруҳбандии
сифатӣ ва ҷойгиршавии конҳо, ҳаҷм ва андозаи конҳо, коркарди нишондиҳандаҳои иктишофӣ,
омӯзиши таркиби канданиҳои фоиданок ва гузаронидани марҳилаҳои гуногуни корҳои иктишофиро
мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Муҳандиси куҳӣ аз рӯи ихтисоси 510201 – Корҳои маркшейдерӣ барои ҳалли масъалаҳои зерин омода
карда мешавад: роҳбарии техникии корҳои куҳӣ, назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои техникӣ барои
иҷрои корҳо, аз он ҷумла корҳои ченкунӣ, ҳисобкунӣ, тарҳрезиҳои геометрӣ, коркарди натиҷаҳои
дастрасшуда бо истифодаи технологияҳои муосир, иҷро намудани марҳилаҳои ҷустуҷӯи – иктишофии
конҳои канданиҳои фоиданок, истихроҷи онҳо бо тарзи кушод ва зеризаминӣ, иҷро намудани
баҳодиҳии техникиву иқтисодии конҳо.
Муҳандиси куҳӣ – аз рӯи ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ҳалли
масъалаҳои равандҳои балоиҳагирӣ ва истифодабарии комплексии коркарди конҳои нафту газ,
омодасозӣ ва ҳамлу нақли нафт, корҳои пармакунӣ, мустаҳкамгардонӣ ва санҷишу озмоиши чоҳҳо,
нигоҳдорӣ бо истифода аз усулҳо ва технологияҳои муосири соҳавӣ ва татбиқи техника ва
технологияҳои навро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Муҳандиси куҳӣ – сохтмончӣ 700201-06 – Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ барои ҳалли масъалаҳои
корҳои сохтмонию васлӣ, лоиҳакашии иншоотҳои зеризаминӣ, сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ бо
истифода аз техника ва технологияҳои муосири соҳавӣ, таҳлил намудани шароити геологӣ ва
гидрогеологӣ дар сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ, ҳисоб кардани таъсири фишори куҳӣ ба
конструксияҳои сохтмонӣ, танзиму озмоиши корҳои сохтмонӣ, таҳлил кардани нишондиҳандаҳои
техникӣ – иқтисодӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар корҳои
лоиҳакашию нархномавӣ, аз ҷумла барномаҳои компютерии AutoCad, Kompas 3D, ArchiCad,
MICROMINE омода карда мешаванд.

Ихтисосҳои факултети металлургия

Ихтисосҳои факултети энергомеханика