Мусоҳибаи ба номи бо мардуми ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки хеле ноком анҷом ёфт, дар баробари ин ки омил ба зуҳури баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба ҳаракатҳои босмачигарӣ гардид, тарафи дигари фаъолиятҳои ифротгароёна ва зиддимардумии ин ташкилот ва Паймонҳои ба номи “миллӣ”-ву дар асли зиддимиллиро ошкор кард. Вақте Кабирӣ зимнан аз роҳу шеваи босмачиён дар оғози солҳои бистуми қарни гузашта сухан кард, аз гуфтори вай на танҳо андешаҳои ба истилоҳ ифротгароёнаи вай бори дигар тафсир шуданд, балки нукоти мармузи дигаре аз фаъолиятҳои пинҳонкоронаи ТЭН ҲНИ дар даврони мухталиф ошкор ва ин нукта дақиқан мусаллам гардид, ки Кабирӣ ва ҳаммасалакони вай ҳамон ҳаракатҳои зиддимиллиро аз дергоҳ пайгирӣ карда меояд, ки босмачиён доштанд. Аслан тайи чанд соли охир гуруҳе ба истилоҳ кушиши сафед кардани ҳаракати босмачигариро доранд ва ҳатто аз онон мехоҳанд чеҳраҳои миллӣ бисозанд. Вале муроҷиат ба таърихи гузаштаи миллати мо ва мутолеаи осори куҳани адабиёти миллии тоҷикон худ баёнгари он аст, ки ҳамеша зиёиён ва донишмандон алайҳи таассуби динӣ ва ифротгаройӣ дар мубориза будаанд. Чун гуруҳҳое маъруф бо номи “зоҳид”, “муҳтасиб”, “воиз” ва амсоли ин, ки пайваста мавриди интиқоди зиёиён ва аҳли маърифат қарор доштаанд, ҳамон афродеанд, ки аз дин ба унвони қувва барои расидан ба ҳадафҳои хеш истифода кардаанд.
Таърихи дусад соли охири тоҷикону Тоҷикистон худ шаҳодати фаровоне дорад, ки ин ҷараёни босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ, на аз назари сиёсӣ ва ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда, балки ағлаб пуштибонону парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд, ки бо истифода аз номи дини ислом мехостанд ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд ва дар умум ба тарҳу бунёди давлати исломӣ даст ёбанд. Аз ин рӯ, дар оғози қарни гузашта асосан ин ҷараён аз сӯи равияҳои фикрие амсоли панисломистҳову пантуркистон идора мешуд ва ин амр баёнгари он аст, ки онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи ислом истифода мекарданд. Айни ҳамон коре, ки ТЭТ ҲНИ дар оғози соҳибистистқлолии Тоҷикистон мардумро ба номи Ислом ба майдонҳо кашида, омил ба ҳодисаҳои хуношом гардид ва ҳамакнун бо гузашти солҳо ҳатто бо он ки аз ҷониби давлат ба онҳо имтиёзҳо дода шуд, вале ҳадафҳои нопоки хешро мехост пинҳонӣ амалӣ намояд. Чун аз сӯи неру ва ҳаракатҳои беруна, ки бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон хостор буданд, ин ҳаракат ва ҷараён идора мешуд, аз ин роҳ давоми бештар аз 15 сол ҳарчанд имтиёзҳо ва имкониятҳои хуб барояшон пешниҳод гардид, вале пинҳонкорона ҳадафҳои нопоки худро боз ҳам пайгирӣ намуданд.
Ҳамакнун руҷуи дигарбораи Кабирӣ ба ин ҷараён асрори мармузеро аз сафҳаҳои таърихро ошкор намуд. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳануз дар даврони Шуравӣ ба таври пинҳонӣ амал менамуд ва танҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон чеҳраи аслии хешро ҷилвагар кард. Пас, равшан мешавад, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ташкилоти пинҳонкорест, ки сарчашмаи ҳаракатҳои аслии хешро аз босмачигарӣ мегирад. Чун дар даврони нуфузи ҷараёни босмачигарӣ маълум буд, ки он аз берун идора шуда, ҳадафи аслиаш бо истифода аз номи ислом расидан ба қудрати сиёсӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҷараён то охирин фурсат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ошуб ва муборизаҳои мусаллаҳонаи хешро давом дода, қатлу кушторҳои зиёдеро ба миён овард, ҳатто чун мафҳуми бадӣ дар пиндор ва андешаи мардум боқӣ монд. Вале ҳамакнун маълум мешавад, ки гуруҳе аз инҳо, ки баъди шикасти куллии онон фирор намуданд, баъдан бо либоси дигар ба таври пинҳонкорона фаъолияташро давом дода, дар солҳои ҳафтодуми асри бистум бо таъсиси ҲНИ дунболи ҳамон ҳадафҳои аввалияи хеш ҳаракат карданд, ки натиҷаи он воқеоти солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.
Мутассифона, имрузҳо ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки ҳатто санг бар навиштаҳои устод Айнӣ мезананду мехоҳанд ба афкори зиддитаассубии ин устоди бузург ва қаҳрамони ҳақиқии миллат хати бултон кашанд. Магар, он ҳама ваҳшонияте, ки устод Айнӣ дар китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон” ва амсоли ин тасвир намудаанд ва дар онҳо нақши ин босмачиёне, ки ҳамон ҳадафи бунёди чунин давлатҳои ба номи “исломӣ”-ро пайгирӣ мекарданд, ҳамагӣ таҳрифи таърих аст. Ҳаргиз не. Бигзарем аз устод Айнӣ ва биравем ба рузгори Аҳмади Донишу дигар маорифпарварони қарни нуздаҳ. Суоле пайдо мешавад, ки омили аслии таваҷҷуҳи ин бузургони мо ба маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба низоми сиёсиву маърифатб чӣ буд? Магар мубориза зидди ҳамон ифротгаройии динӣ набуд, ки бо дасти чанд тан аз ҳамин гуруҳҳои манфиатхоҳ ва аз номи дини ислом суйистифодакунанда вазъи мактабу маориф хароб гардида, ҳатто низоми иҷтимоӣ ва ахлоқӣ рӯ тахриб ёфт. Тасвири вазъи таълим дар мактабҳои Бухоро аз ҷониби устод Айнӣ ҳаргиз имкон надорад, ки аз рӯи зарурат анҷом ёфта бошад, зеро он хотиротест, ки аз хурдӣ дар ёдӣ ӯ мондааст. Мушоҳидаи маҷмуи амалҳо ва рафтори нобаҷои онҳо бар зидди падидаҳои миллӣ ва маънавии халқи тоҷик Аҳмади Дониш ва дигаронро водор сохт, ки андешаи тағир дар сохтори иҷтимоиро ба миён гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ андешаҳои миллӣ ва маърифатпарвариро талқин намоянд.
Ба гумони ғолиб муаллифони он осоре, ки ба дифоъ аз босмачиён навиштаанду пайравони ин ҳаракат барои худ чун сипар пешниҳод мекунанд, аксаран нафароне ҳастанд,ки замоне бо ин ҷараёнҳо робитае доштаанд ё доранд ва ё пешинагони онҳо дар хидмати эшон будаанд. Мутассифона, имрӯз аксаран номи бархе аз зиёиёни он солҳои тоҷикро мехоҳанд ба ин ҷараёнҳо биомезанд, аммо ин дар ҳолест, ки чунин шахсиятҳои миллиро ҳаргиз набояд шомили ҳаракати босмачигарӣ ва босмачиён набуд, чун босмачигарӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда ва нест.
Баробари ин, бо итминон метавон гуфт, ки шояд агар нафароне аз ин гуруҳ шомил шудаанд, он ҳам аз руи ноогоҳии амиқ буда, онгуна, ки имрӯз мо шоҳиди онем, ки нафарони зиёде баъди дарки ҳақиқат ва бардоштани парда аз чеҳраи аслии ТЭТ ҲНИ аз роҳи хеш баргаштанд.
Ҳамин гуна, бегумон имрӯз мусоҳибаи Кабирӣ ба ҳақиқат ошкор сохт, ки ТЭТ ҲНИ идомаи ҳаракати босмачигарист, ки мехоҳад бори дигар аз номи ислом барои расидан ба ҳадафҳои хеш ба эҳсосот ва иродаи мардум бозӣ кунад. Аммо, хато мекунад. Чун мардуми тоҷик дигар онҳое нестанд, ки солҳои навадум ба ин суханони фиребои онҳо, яъне давомдиҳандагони роҳи босмачигарӣ бовар кардаву ба майдонҳо кашида шуданд. Ин таҷрибаи талхи таърихӣ барои мардуми тоҷик дарс шуд ва ҳамакнун онҳо медонанд, ки ба куҷо ва аз паси кӣ раванд ва имрӯз пуштибони ҳақиқии миллат ва давлат кист? Пуштибонии Кабирӣ аз босмачиён бошад дарси ҳикматомузи дигар гардид, ки ҳамагуна паймонҳову созмонҳову ҷараёнҳои вай на миллӣ, балки зиддимиллӣ ҳастанд.
Нуралӣ Нурзод,
Ходими илмии институти илмҳои ҷомеашиносии
ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров