ДУР КУН ДАРДУ ҶУДОИРО, БИЁ БАР МЕҲАНАТ

Ба доми фиреби одамрабоён уфтода, садҳо ҷавонони гумроҳ роҳи кишварҳои ҷангзадаро пеш гирифтаанд. Акнун бозгашти зану фарзандони онҳо ба роҳ монда шуда аст.

    Зубайдулло Зубайдзода – сафири Тоҷикистон дар Кувайт – ҳамзамон ба ҳайси намояндаи расмии кишвар дар Ироқ дар суҳбати радили Озодӣ иброз доштааст, ки “Ҳоло ин занону кӯдакон дар боздоштгоҳ ва ятимхонаҳои Ироқ ҳастанд. То ба ҳол шаш кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Душанбе оварда шуда, сездаҳ зани тоҷик дар Бағдод бо ҷурми ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз 25 соли зиндон то ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди сад кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба ватан барад. Ӯ афзуд, “сабаби асосии таъйини сафир ин аст, ки пурра аз ҳолу зиндагии шаҳрвандони худ дар Ироқ бохабар бошем. Ҳадафи мо дар қадами аввал баргардондани кӯдаконест, ки дар Ироқ қарор доранд. Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон пурра ба ин кор машғул ҳастем. Кӯшиш дорем, ки дар нимсолаи аввал тақрибан 100 кӯдаки тоҷикро ба ватан фиристем. Ҳар кор пушаймонӣ дорад. Ҳамаи онҳое, ки дар даргириҳо иштирок карданд, сахт пушаймон ҳастанд ва хеле мехоҳанд ба ватан бираванд, аммо чора чист. Муҳимтар аз ҳама сарнавишти кӯдакон аст. Дар байни онҳо кӯдакони ҳаштмоҳаву яксола ҳастанд. Бисёрии онҳо дар инҷо таваллуд шудаанд ва ҳеч гуноҳ надоранд.”

  Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои курд дар Сурия аз боздошти Муҳаммад Давлат (Абу Мусаъаб Тоҷикӣ), шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ва узви гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, хабар доданд.Ҳамроҳ бо ӯ ҳафт ҷангҷӯи дигари ДИИШ дастгир шудаанд.

    Воқеан ҳам ҷанг оқибати нек надорад. Раҳгумзадаҳо боз ба Ватан бармегарданд бо осори ғурбат. Ин Ватани мост, ки пушаймону тавба кардаҳоро боз ба оғӯши худ мегирад, то дубора асои худро дар муҳоҷират гум накунанд.

   Махфират Шукуҳӣ шоираи ширинкаломи тоҷик менависад:

Эй ғариб, овораи тоҷик биё, бар хонаат,

То бимонад нозанинат сар ба рўйи шонаат.

Хуб медонам, ки дар ғурбат дилат хушҳол нест

Пас биё, шукрона кун ҳар қатра обу донаат

Дур кун дарду ҷудоиро, биё бар Меҳанат,

Боз о, ранҷи ғарибӣ хушк месозад танат

Ҳеҷ молу давлате хуш нест дар оворагӣ,

Нуру осоиш биёбад дар Ватан ҷону танат.

    Оре, имруз дар ин Ватан бояд ба созандагӣ машғул шуд. Ҳаргиз зархариди хоҷаҳои хориҷӣ шуда, арзишҳои миллиро набояд аз даст дод. Шукронаи Ватан бояд намуд.

                                                                                         Фаридаи Амонулло, омӯзгори донишкадаи куҳӣ-металлургии

                                                                                                                                                                                        Т оҷикистон